Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Табрикоти Президенти Ҷумҳурии Сербия Александр Вучич ва Президенти Ҷумҳурии Сотсиалистии Ветнам Нгуен Фу Чонг ба Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

20.10.2020 17:56, шаҳри Душанбе

Ба муносибати аз нав интихоб гардидан ба маснади олии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба унвони Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Ҷаноби Олӣ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз номи Президенти Ҷумҳурии Сербия Ҷаноби Олӣ Александр Вучич ва Президенти Ҷумҳурии Сотсиалистии Ветнам Ҷаноби Олӣ Нгуен Фу Чонг барқияҳои табрикӣ ворид гардиданд.

Дар номаи табрикотии Президенти Сербия, аз ҷумла омадааст:

«Ҷаноби Олӣ,

Аз номи шаҳрвандони Ҷумҳурии Сербия ва шахсан аз номи худам Шуморо ба муносибати аз нав ба маснади Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон интихоб шуданатон бо беҳтарин таманниёти баҳри рифоҳи кишваратон ва ҳамаи шаҳрвандони он идома додани ин вазифаи сермасъул самимона табрик менамоям. Мутмаинам, ки саҳми шахсии Шумо дар муносиботи дӯстона ва ҳамкории байни Сербияву Тоҷикистон ба беҳтар намудани робитаҳоямон дар тамоми соҳаҳои барои ҷонибҳо судовар, мусоидат хоҳад кард».

Президенти Ҷумҳурии Сотсиалистии Ветнам дар барқияи табрикотии худ чунин менигорад:

“Ҷаноби Олӣ, Эмомалӣ Раҳмон,

Аз номи Ҳукумат ва мардуми Ветнам, инчунин шахсан аз номи худам мехоҳам ба Шумо самимонатарин ва гармтарин таманниётро ба муносибати аз нав ба симати Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон интихоб шуданатон иброз намоям.

Ветнам ҳамеша бо таваҷҷуҳ ва хушнудӣ ба дастовардҳои Тоҷикистон дар ҷодаи рушди иҷтимоиву иқтисодӣ ва таъмини суботи зиндагии мардум менигарад. Бовар дорам, ки Тоҷикистон зери роҳбарии Шумо минбаъд низ ба муваффақиятҳои зиёде ноил мегардад ва дӯстии анъанавию ҳамкории байни Ветнаму Тоҷикистон дар ҳамаи ҷанбаҳо беш аз пеш рушд хоҳанд ёфт.

Ин фурсатро ғанимат шумурда, ба Шумо, Ҷаноби Олӣ таманниёти сиҳатмандии бардавом ва комёбиҳо дар татбиқи нақшаҳои наҷибатон орзумандам”.

Воридшавии номаҳои табрикотӣ ба унвони Пешвои миллат идома дорад.

facebook
twitter
 
Идома
 
Идома
Идома
Нома ба президент
Мувофиқи талаботи моддаи 21 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муроҷиатҳои шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ» муроҷиатҳое, ки дар онҳо насаб, ном, номи падари шахси воқеӣ, маълумот дар бораи суроғаи маҳалли истиқомат ё номи пурраи шахси ҳуқуқӣ ва суроғаи маҳалли ҷойгиршавии он зикр нашудаанд ё хато нишон дода шудаанд, инчунин бе имзо (имзои электронии рақамӣ) пешниҳод шудаанд, муроҷиатҳои беном дониста шуда, мавриди баррасӣ қарор намегиранд, агар онҳо дорои маълумот оид ба тайёрӣ барои содир кардани ҷиноят ё ҷинояти содиршуда набошанд.
Image CAPTCHA
Харита
© Хадамоти матбуоти Президенти Тоҷикистон
Тел/Факс.: (+992 37)2212520