Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

ФАРМОНИ
ПРЕЗИДЕНТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

Дар бораи муовини
Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон
таъин намудани Гулмаҳмадзода Д.Қ.



Мутобиқи моддаи 69 Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон фармон медиҳам :

1. Гулмаҳмадзода Давлатшоҳ Қурбоналӣ муовини Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон таъин карда шавад.
2. Фармони мазкур барои тасдиқ ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод карда шавад.

Президенти
Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон

ш. Душанбе
3 ноябри соли 2020
№27

 

 

ГУЛМАҲМАДЗОДА Давлатшоҳ Қурбоналӣ

аз 03 ноябри  соли  2020 дар вазифаи Муовини Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон  кор мекунад.

Соли таваллуд   10 январи соли 1961   Ҷои таваллуд   ноҳияи Данғара  

Миллат     тоҷик                                      Маълумот      олӣ

соли 1987 Донишкадаи  муҳандисони обёрӣ ва механикунонии хоҷагии қишлоқи Тошкент,

соли 2007 Академияи хизмати давлатии назди Президенти Федератсияи Россияро хатм кардааст.

Ихтисос    муҳандис-заминсоз, менеҷери идораи давлатӣ ва маҳаллӣ, номзади илмҳои иқтисод

Кадом забонҳои хориҷиро медонад    русӣ

Вакили халқ ҳаст ё не  не

Бо мукофотҳои давлатӣ сарфароз гардонида шудааст ё не – соли 2006  ордени «Шараф» дараҷаи I

Кор ва фаъолияти собиқа:

Солҳои 1978-1980

Коргари совхози Ленини ноҳияи Данғара

Солҳои 1980-1982

Хизмат дар сафи Қувваҳои Мусаллаҳи ИРСС, шаҳри Қазон, шаҳри Перм, Россия

Солҳои 1982-1987

Донишҷӯи Донишкадаи муҳандисони обёрӣ ва механикунонии хоҷагии қишлоқи Тошкент

Солҳои 1987-1989

Сармуҳандис-заминсози ноҳияи Комсомолобод (Нуробод)

Солҳои 1989-1993

Раиси Кумитаи ҳифзи табиати ноҳияи Данғара

Солҳои 1993-1995

Раиси Кумитаи ҳифзи табиати вилояти Хатлон

Солҳои 1995-2000

Муовини Вазири ҳифзи табиати Ҷумҳурии Тоҷикистон, шаҳри Душанбе

Солҳои 2000-2001

Раиси Кумитаи захираҳои замин  ва заминсозии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, шаҳри Душанбе

Солҳои 2001-2006

Раиси Кумитаи давлатии заминсозии Ҷумҳурии Тоҷикистон, шаҳри Душанбе

Солҳои 2006-2008

Директори Агентии заминсозӣ, геодезӣ ва харитасозии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон

Солҳои 2008-2010

Муовини раиси вилояти Суғд

Солҳои 2010-2013

Раиси шаҳри Турсунзода

Солҳои 2013-2019

Раиси вилояти Хатлон

Солҳои 2019-2020

Раиси Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон 

02-11 соли 2020

Муовини Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон

аз ноябри соли 2020
то имрӯз

Муовини Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон

 

 

facebook
twitter
 
Идома
 
Идома
Идома
Нома ба президент
Мувофиқи талаботи моддаи 21 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муроҷиатҳои шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ» муроҷиатҳое, ки дар онҳо насаб, ном, номи падари шахси воқеӣ, маълумот дар бораи суроғаи маҳалли истиқомат ё номи пурраи шахси ҳуқуқӣ ва суроғаи маҳалли ҷойгиршавии он зикр нашудаанд ё хато нишон дода шудаанд, инчунин бе имзо (имзои электронии рақамӣ) пешниҳод шудаанд, муроҷиатҳои беном дониста шуда, мавриди баррасӣ қарор намегиранд, агар онҳо дорои маълумот оид ба тайёрӣ барои содир кардани ҷиноят ё ҷинояти содиршуда набошанд.
Image CAPTCHA
© Хадамоти матбуоти Президенти Тоҷикистон
Тел/Факс.: (+992 37)2212520