ФАРМОНИ
ПРЕЗИДЕНТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
Дар бораи муовини
Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон
таъин намудани Усмонзода У.Ю.
Мутобиқи моддаи 69 Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон фармон медиҳам :
1. Усмонзода Усмоналӣ Юнусалӣ муовини Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон таъин карда шавад.
2. Фармони мазкур барои тасдиқ ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод карда шавад.
Президенти
Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон
ш. Душанбе
3 ноябри соли 2020
№29
аз 03 ноябри соли 2020 дар вазифаи муовини Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон кор мекунад.
Миллат тоҷик Маълумот олӣ,
соли 1982 Донишгоҳи техникии Тоҷикистонро хатм кардааст.
Ихтисос муҳандис-электрик, номзади илмҳои техникӣ
Кадом забонҳои хориҷиро медонад русӣ, англисӣ
Вакили халқ ҳаст ё не нест
Бо мукофотҳои давлатӣ сарфароз гардонида шудааст ё не - соли 2012 ордени Шараф дараҷаи II
Кор ва фаъолияти собиқа:
Солҳои 1977-1982 |
Донишҷӯи Донишгоҳи техникии Тоҷикистон |
Солҳои 1982-1985 |
Муҳандиси кафедраи «Автоматика ва мошинҳои ҳисоббарор» Донишгоҳи техникии Тоҷикистон |
Солҳои 1985-1988 |
Аспиранти институти энергетикии шаҳри Москва |
Солҳои 1988-1990 |
Ассистент, муаллими калони кафедраи «Ҳаракатдиҳандаҳои автоматикунонидашудаи мошинҳои электрикӣ»-и Донишгоҳи техникии Тоҷикистон |
Солҳои 1990-1996 |
Дотсенти кафедраи «Ҳаракатдиҳандаҳои автоматикунонидашудаи мошинҳои электрикӣ», муовини декани факултаи энергетики Донишгоҳи техникии Тоҷикистон |
Солҳои 1997-1999 |
Директори Хадамоти назорати давлатии барқи ноҳияҳои тобеъи ҷумҳурӣ |
Солҳои 1999-2001 |
Муовини директори генералии назорати давлатии барқи вилояти Хатлон ва ноҳияҳои тобеи Ҷумҳурии Тоҷикистон |
Солҳои 2001-2003 |
Сардори департаменти сиёсати энергетикии Вазорати энергетикаи Ҷумҳурии Тоҷикистон |
Солҳои 2003-2009 |
Муовини директори Муассисаи давлатии «Маркази идораи лоиҳаҳои бахши электроэнергетика» |
Солҳои 2009-2013 |
Директори Муассисаи давлатии «Маркази идораи лоиҳаҳои бахши электроэнергетика» |
Солҳои 2013-2020 |
Вазири энергетика ва захираҳои оби Ҷумҳурии Тоҷикистон |
аз ноябри соли 2020 |
Муовини Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон |