ФАРМОНИ
ПРЕЗИДЕНТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
Дар бораи Вазири меҳнат, муҳоҷират ва
шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон
таъин намудани Амонзода Ш.Ш.
Мутобиқи моддаи 69 Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон фармон медиҳам :
1. Амонзода Ширин Шодӣ Вазири меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон таъин карда шавад.
2. Фармони мазкур барои тасдиқ ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод карда шавад.
Президенти
Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон
ш. Душанбе
3 ноябри соли 2020
№35
АМОНЗОДА Ширин Шодӣ
аз 3 ноябри соли 2020 дар мансаби Вазири меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон кор мекунад.
Соли таваллуд 5 феврали соли 1978 Ҷои таваллуд шаҳри Душанбе
Миллат тоҷик Таҳсилот олӣ
соли 1999 Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон,
соли 2016 Донишгоҳи байналмилалии Ритсумейкани Осиё ва Уқёнуси Ороми давлати Ҷопонро хатм кардааст
Ихтисос забонҳои англисӣ-фаронсавӣ, сиёсати ҳамкориҳои иқтисодӣ
Унвони илмӣ номзади илми филология
Кадом забонҳои хориҷиро медонад русӣ, англисӣ
Вакили Маҷлиси вакилони халқ ҳаст ё не не
Бо мукофотҳои давлатӣ сарфароз гардонида шудааст ё не не
Вазъи оилавӣ оиладор соҳиби 2 фарзанд
Кор ва фаъолияти собиқа:
Солҳои 1999-2002 |
Ассистенти кафедраи методикаи таълими забони англисии Донишгоҳи Давлатии омӯзгории Тоҷикистон |
Солҳои 2000-2003 |
Аспиранти Донишгоҳи Давлатии омӯзгории Тоҷикистон |
Солҳои 2001-2002 |
Масъули комуникатсионии дафтари Созмони байналмилалии муҳоҷират |
Солҳои 2002-2004- |
Котиби масъули коммуникатсионии дафтари тоҷикистонии Кумитаи Шведсиягӣ оид ба Афғонистон, шаҳри Душанбе |
Соли 2004 -2005 |
Тарҷумони Комиссиариати олии кор бо гурезаҳои Созмони Миллали Мутаҳид |
Солҳои 2005-2006 |
Масъули хадамоти протоколоии намоишгоҳи байналмилалӣ (ЭКСПО) – дар шаҳри Айчӣ, давлати Ҷопон |
Солҳои 2006-2012 |
Сармутахассиси Раёсати сиёсат дар соҳаи савдо, туризм ва фаъолияти биржавии Вазорати иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон |
Солҳои 2012-2014 |
Сармутахассиси сарраёсати сиёсати савдо ва бозори истеъмолии Вазорати рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон |
Солҳои 2014-2016 |
Давраи омӯзишии такмили ихтисоси хизматчиёни давлатӣ дар Донишгоҳи Ритсумейкани Осиё ва Уқёнуси ороми кишвари Ҷопон |
Солҳои 2016-2017 |
Сармутахассиси Раёсати танзим ва рушди савдои хориҷии Сарраёсати сиёсати савдо ва бозори истеъмолии Вазорати рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон, шаҳри Душанбе |
Солҳои 2017-2020 |
Муовини Раиси Кумитаи рушди сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон |
аз 01 то 11 |
Раиси Кумитаи рушди сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон |
аз 3 ноябри соли 2020 то имрӯз |
Вазири меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон |