Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

ФАРМОНИ
ПРЕЗИДЕНТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

Дар бораи Вазири
нақлиёти Ҷумҳурии Тоҷикистон
таъин намудани Азим Иброҳим



Мутобиқи моддаи 69 Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон фармон медиҳам :

1. Азим Иброҳим Вазири нақлиёти Ҷумҳурии Тоҷикистон таъин карда шавад.
2. Фармони мазкур барои тасдиқ ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод карда шавад.

Президенти
Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон

ш. Душанбе
3 ноябри соли 2020
№38

 

 

АЗИМ Иброҳим

аз 03 ноябри соли 2020 дар вазифаи Вазири нақлиёти Ҷумҳурии Тоҷикистон кор мекунад.

Соли таваллуд 1 марти соли 1962     Ҷои таваллуд ноҳияи М.С.А.Ҳамадонӣ

Миллат   тоҷик                                     Маълумот      олӣ

соли 1984 Донишкадаи политехникии Тошкентро  хатм кардааст.

Ихтисос  муҳандиси маъдан-маркшейдер, номзади илмҳои техникӣ

Кадом забонҳои хориҷиро медонад        русӣ, ӯзбекӣ, англисӣ

Вакили халқ ҳаст ё не          нест

Бо мукофотҳои давлатӣ сарфароз гардонида шудааст ё не – соли 2001 ордени Шараф дараҷаи II, соли 2011 «Корманди  шоистаи Тоҷикистон»       

Кор ва фаъолияти собиқа:

Солҳои 1979-1984

Донишҷӯи Донишкадаи политехникии Тошкент

07-08 соли 1982

Ченкунандаи корҳои зеризаминии геологию маркшейдерии РСК-4, шаҳри Кривой Рог, Украина

Солҳои 1984-1988

Муҳандис-таҷрибаомӯз, аспиранти Донишкадаи политехникии Тошкент

Солҳои 1988-1992

Ассистенти кафедраи геодезия ва маркшейдерии Донишкадаи политехникии Тошкент

Солҳои 1992-1994

Муаллими калони кафедраи физикаи умумӣ ва тасвири муҳандисӣ, декани факултаи саноати сабук, муаллими калони кафедраи физикаи таҷрибавии Донишгоҳи технологии Тоҷикистон, шаҳри Душанбе

Солҳои 1994-1995

Муовини аввали сардори Саридораи назорати давлатии бехатарии корҳо дар саноат ва соҳаи кӯҳкории назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, шаҳри Душанбе

Солҳои 1995-1996

Муовини аввали Раиси Кумитаи металлу сангҳои қиматбаҳои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, шаҳри Душанбе

Солҳои 1996-2002

Муовини аввали Раиси Кумитаи металлҳои қиматбаҳои назди Ҳукумати Ҷумхурии Тоҷикистон, шаҳри Душанбе

Солҳои 2002-2004

Муовини Вазир – сардори Департаменти саноати маъдан ва металлҳои қиматбаҳо саноати Вазорати саноати Ҷумҳурии Тоҷикистон, шаҳри Душанбе

Солҳои 2004-2005

Раиси ноҳияи Синои шаҳри Душанбе

Солҳои 2005-2006

Сардори Саридораи геологияи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон «Геологияи тоҷик», шаҳри Душанбе

Солҳои 2006-2013

Сардори Саридораи геологияи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, шаҳри Душанбе

Солҳои 2013-2020

Муовини Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон

08-11 соли 2020

Вазири нақлиёти Ҷумҳурии Тоҷикистон

аз ноябри соли 2020
то имрӯз

Вазири нақлиёти Ҷумҳурии Тоҷикистон

 

facebook
twitter
 
Идома
 
Идома
Идома
Нома ба президент
Мувофиқи талаботи моддаи 21 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муроҷиатҳои шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ» муроҷиатҳое, ки дар онҳо насаб, ном, номи падари шахси воқеӣ, маълумот дар бораи суроғаи маҳалли истиқомат ё номи пурраи шахси ҳуқуқӣ ва суроғаи маҳалли ҷойгиршавии он зикр нашудаанд ё хато нишон дода шудаанд, инчунин бе имзо (имзои электронии рақамӣ) пешниҳод шудаанд, муроҷиатҳои беном дониста шуда, мавриди баррасӣ қарор намегиранд, агар онҳо дорои маълумот оид ба тайёрӣ барои содир кардани ҷиноят ё ҷинояти содиршуда набошанд.
Image CAPTCHA
© Хадамоти матбуоти Президенти Тоҷикистон
Тел/Факс.: (+992 37)2212520