Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

ҚАРОРИ
ҲУКУМАТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН


аз 17 ноябри 2009 с ш. Душанбе № 626

Дар бораи манъ намудани фурӯши лампаҳои барқии
тафсон дар қаламрави Ҷумҳурии Тоҷикистон



Ҷиҳати иҷрои Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 24 апрели соли 2009 №653 «Дар бораи тадбирҳои иловагии истифодаи сарфаҷӯёнаи энергия» ва бо мақсади самаранок ва сарфакорона истифода бурдани энергияи барқ Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор мекунад:
1) Фурӯши лампаҳои барқии тафсон, ки воридоти онҳо бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 31 августи соли 2009 №492 «Оид ба баъзе чораҳои истифодаи самараноки энергияи барқ» манъ гардидааст, дар қаламрави Ҷумҳурии Тоҷикистон манъ карда шавад.
2) Агентии стандартизация, метрология, сертификатсия ва нозироти савдои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, вилоятҳо, шаҳри Душанбе, шаҳру ноҳияҳо дар якҷоягӣ бо вазорату идораҳои дахлдори ҷумҳурӣ иҷрои банди 1 қарори мазкурро таъмин намоянд.
3) Вазорати рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон номгӯи дақиқи лампаҳои барқии тафсонро, ки воридот ва фурӯши онҳо дар қаламрави ҷумҳурӣ манъ карда шудааст, дар воситаҳои ахбори омма интишор намояд.


Раиси
Ҳукумати
Ҷумҳурии Тоҷикистон Э.Раҳмон

facebook
twitter
 
Идома
 
Идома
Идома
Нома ба президент
Мувофиқи талаботи моддаи 21 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муроҷиатҳои шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ» муроҷиатҳое, ки дар онҳо насаб, ном, номи падари шахси воқеӣ, маълумот дар бораи суроғаи маҳалли истиқомат ё номи пурраи шахси ҳуқуқӣ ва суроғаи маҳалли ҷойгиршавии он зикр нашудаанд ё хато нишон дода шудаанд, инчунин бе имзо (имзои электронии рақамӣ) пешниҳод шудаанд, муроҷиатҳои беном дониста шуда, мавриди баррасӣ қарор намегиранд, агар онҳо дорои маълумот оид ба тайёрӣ барои содир кардани ҷиноят ё ҷинояти содиршуда набошанд.
Image CAPTCHA
© Хадамоти матбуоти Президенти Тоҷикистон
Тел/Факс.: (+992 37)2212520