ФАРМОНИ
ПРЕЗИДЕНТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
Дар бораи Сафири Фавқулодда ва Мухтори Ҷумҳурии
Тоҷикистон дар Штатҳои Муттаҳидаи Америка
таъин намудани Ҳамрализода Ф.М.
Мутобиқи моддаи 69 Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон фармон медиҳам:
Ҳамрализода Фаррух Маҳмуд Сафири Фавқулодда ва Мухтори Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Штатҳои Муттаҳидаи Америка таъин карда шавад.
Президенти
Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон
ш. Душанбе
4 декабри соли 2020
№107