Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Суҳбати телефонӣ бо Раиси Ҷумҳурии Мардумии Чин Си Ҷинпин

01.03.2021 19:25, шаҳри Душанбе

1 марти соли 2021 Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо Раиси Ҷумҳурии Мардумии Чин муҳтарам Си Ҷинпин гуфтугӯи телефонӣ анҷом доданд.

Дар оғози суҳбат Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Раиси Ҷумҳурии Мардумии Чинро бо ҷашни гузаштаи Баҳор ва оғози соли нав - иди анъанавии мардуми Чин  самимона табрик намуда, ба ӯ саломатӣ, хушбахтӣ, сарбаландӣ ва муваффақиятҳои нав дар кори роҳбарӣ ва ба мардуми дӯсти Чин сулҳу субот ва шукуфоӣ орзу карданд.

Роҳбари давлати мо муваффақиятҳои азими Чинро дар бисёр соҳаҳои ҳаёт ва мустаҳкам кардани эътибори он дар арсаи байналмилалӣ дар даҳсолаҳои охир қайд намуданд.

Ҳамзамон, Пешвои миллат ба дастовардҳои кишвари ҳамсоя дар самти рафъи камбизоатӣ диққати махсус дода, муҳтарам Си Ҷинпин ва мардуми Чинро бо муваффақиятҳои азимашон дар ин самт табрик гуфтанд.

Дар ҷараёни сӯҳбат ҷонибҳо самтҳои мубрами ҳамкориҳои дуҷонибаро дар доираи муносибатҳои шарикии ҳамаҷонибаи стратегии  Тоҷикистон ва Чин   муҳокима карданд.

Дар ин зимн,  масъалаҳои густариши ҳамкориҳои тиҷоративу иқтисодӣ, аз ҷумла дар арсаҳои иқтисод ва тиҷорати рақамӣ, нақлиёт ва соҳаи кишоварзӣ, инчунин қадамҳои минбаъдаи муштарак дар ин самт ва бо мақсади коҳиш додани шиддати таъсири бӯҳрони ҷаҳонии молиявию иқтисодӣ, ки дар натиҷаи пандемияи COVID-19 ба вуҷуд омадааст, баррасӣ шуданд.

Сарвари давлат муваффақиятҳои Чинро дар мубориза бо эпидемияи коронавирус қайд карда, ба Раиси Ҷумҳурии Мардумии Чин миннатдории ҷониби Тоҷикистонро барои кӯмак ва дастгирӣ дар рафъи оқибатҳои пандемия, аз ҷумла омодагии Ҳукумати Чин барои ба Тоҷикистон ба таври ройгон додани  ваксинаи зиддивирусии истеҳсоли Чин иброз доштанд.

Ҷонибҳо ҷиҳати рушди минбаъдаи вазъи вобаста ба пандемия дар ду кишвар дар маҷрои муътадилгардонии устувори он изҳори умед намуданд.   

Сарони  давлатҳо ҷонибдории худро аз рушди минбаъдаи робитаҳои фарҳангию гуманитарии Тоҷикистону Чин ва омодагии тарафҳоро ҷиҳати таҳкими ҳамкориҳои   судманд дар соҳаи амният изҳор карданд.

Дар заминаи баррасии равобити бисёрҷониба ба раёсати феълии Тоҷикистон дар Созмони ҳамкории Шанхай ва Саммити ҷашнии Созмон, ки қарор аст, соли равон дар Душанбе баргузор шавад, таваҷҷуҳ зоҳир карданд. Сарони ду давлат бо изҳори қаноатмандӣ ҳамкории кишварҳои худро дар доираи дигар созмонҳои байналмилалӣ ва минтақавӣ, пеш аз ҳама, Созмони Милали Муттаҳид ва Машварати ҳамкорӣ ва тадбирҳои боварӣ дар Осиё (МҲТБО) таъкид намуданд.

Зимни суҳбат оид ба дигар масъалаҳои мубрами байналмилалӣ ва минтақавӣ мубодилаи пурсамари афкор сурат гирифт.

Бо истифода аз фурсат Раиси Ҷумҳурии Мардумии Чин муҳтарам Си Ҷинпин табрикоти  самимии худро ба мардуми Тоҷикистон ба муносибати  ҷашни Наврӯзи дарпешистода арз намуданд.

Дар анҷоми суҳбат ҷонибҳо бори дигар тасмими худро оид ба пешбурди минбаъдаи муштараки рушди тамоми самтҳои муносибатҳои Тоҷикистону Чин дар рӯҳияи дӯстӣ, ҳамсоягии нек ва эътимоди тарафайн, таъйид карданд.

facebook
twitter
Хабарҳо
Ҳамаи хабарҳо
 
Идома
 
Идома
Идома
Нома ба президент
Мувофиқи талаботи моддаи 21 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муроҷиатҳои шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ» муроҷиатҳое, ки дар онҳо насаб, ном, номи падари шахси воқеӣ, маълумот дар бораи суроғаи маҳалли истиқомат ё номи пурраи шахси ҳуқуқӣ ва суроғаи маҳалли ҷойгиршавии он зикр нашудаанд ё хато нишон дода шудаанд, инчунин бе имзо (имзои электронии рақамӣ) пешниҳод шудаанд, муроҷиатҳои беном дониста шуда, мавриди баррасӣ қарор намегиранд, агар онҳо дорои маълумот оид ба тайёрӣ барои содир кардани ҷиноят ё ҷинояти содиршуда набошанд.
Image CAPTCHA
© Хадамоти матбуоти Президенти Тоҷикистон
Тел/Факс.: (+992 37)2212520