Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Маросими супоридани мукофоти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон Ордени “Зарринтоҷ” дараҷаи I ба Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон Шавкат Мирзиёев

10.06.2021 19:07, шаҳри Душанбе
Маросими супоридани мукофоти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон Ордени “Зарринтоҷ” дараҷаи I ба Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон Шавкат Мирзиёев  10.06.2021

Шоми рӯзи 10 июн дар маҷмааи давлатии Кохи Борбад” дар доираи сафари расмии Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон бо Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Сарвари кишвари дӯсту бародар муҳтарам Шавкат Мирзиёев “Барои хизматҳои шоён ҷиҳати таҳкими муносибатҳои байнидавлатӣ, тавсеаи робитаҳои дӯстона ва ҳусни ҳамҷаворӣ миёни халқҳои тоҷик ва ӯзбек, рушди ҳамкориҳои мутақобилан судманди тиҷоратию иқтисодӣ ва фарҳангию гуманитарӣ миёни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Ӯзбекистон” дар вазъияти тантанавӣ бо Мукофоти олии давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон Ордени Зарринтоҷ” дараҷаи I сарфароз гардонида шуданд.

facebook
twitter
 
Идома
 
Идома
Идома
Нома ба президент
Мувофиқи талаботи моддаи 21 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муроҷиатҳои шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ» муроҷиатҳое, ки дар онҳо насаб, ном, номи падари шахси воқеӣ, маълумот дар бораи суроғаи маҳалли истиқомат ё номи пурраи шахси ҳуқуқӣ ва суроғаи маҳалли ҷойгиршавии он зикр нашудаанд ё хато нишон дода шудаанд, инчунин бе имзо (имзои электронии рақамӣ) пешниҳод шудаанд, муроҷиатҳои беном дониста шуда, мавриди баррасӣ қарор намегиранд, агар онҳо дорои маълумот оид ба тайёрӣ барои содир кардани ҷиноят ё ҷинояти содиршуда набошанд.
Image CAPTCHA
© Хадамоти матбуоти Президенти Тоҷикистон
Тел/Факс.: (+992 37)2212520