Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Суҳбати телефонӣ бо раисони ноҳияҳои Рашту Тоҷикобод

10.07.2021 10:11

10 июл Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни суҳбати телефонӣ ҳисоботи раисони ноҳияҳои Рашту Тоҷикобод Муқимӣ Раҳимҷон  ва Фақерзода Қадриддинро вобаста ба оқибатҳои заминларза шуниданд.

Тавре маълум гардид, дар заминларзае, ки субҳи имрӯз рух дод, манзилҳои истиқоматӣ хароб шуда, боиси талафоти ҷонии 4 нафар, аз ҷумла 2 кӯдак гардид.

Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Сарвазири мамлакат Қоҳир Расулзода, раиси кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи гражданӣ, раисони ноҳияҳои Рашту Тоҷикобод супориш доданд, ки ҳар чӣ зудтар барои бартараф кардани оқибатҳои офати табиӣ ва расондани кӯмак ба оилаҳои зарардида чораҷӯӣ намоянд.

Комиссияи ҳукуматӣ ба таври фаврӣ дар маҳалли ҳодиса корҳои бартарафсозиро оғоз кард.

Тибқи иттиллои Маркази зилзиласанҷии Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон зилзила соати 7-у 14 дақиқаи вақти маҳаллӣ, 20 километр дар наздикии маркази ноҳияи Рашт дар чуқурии 10 километр ба вуқуъ пайваста, қувваи он ба 5,9 балл аз руи ҷадвали Рихтер баробар буд.

Ҷунбиши замин дар кишварҳои ҳамсоя низ эҳсос гардид.

facebook
twitter
 
Идома
 
Идома
Идома
Нома ба президент
Мувофиқи талаботи моддаи 21 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муроҷиатҳои шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ» муроҷиатҳое, ки дар онҳо насаб, ном, номи падари шахси воқеӣ, маълумот дар бораи суроғаи маҳалли истиқомат ё номи пурраи шахси ҳуқуқӣ ва суроғаи маҳалли ҷойгиршавии он зикр нашудаанд ё хато нишон дода шудаанд, инчунин бе имзо (имзои электронии рақамӣ) пешниҳод шудаанд, муроҷиатҳои беном дониста шуда, мавриди баррасӣ қарор намегиранд, агар онҳо дорои маълумот оид ба тайёрӣ барои содир кардани ҷиноят ё ҷинояти содиршуда набошанд.
Image CAPTCHA
© Хадамоти матбуоти Президенти Тоҷикистон
Тел/Факс.: (+992 37)2212520