Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Суҳбати телефонӣ бо Президенти Федератсияи Русия Владимир Путин

22.07.2021 18:16, шаҳри Душанбе

Имрӯз Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо Президенти Федератсияи Русия Владимир Путин суҳбати телефонӣ анҷом доданд.

Дар оғози суҳбат Президенти Федератсияи Русия дар иртибот ба даргузашти хоҳари Сарвари давлати мо изҳори тасаллии амиқ карданд.

Дар ҷараёни суҳбат ҷонибҳо оид ба маҷмӯи масъалаҳои мубрами муносибатҳои шарикии стратегии Тоҷикистон ва Русия мубодилаи афкор намуданд.

Таваҷҷуҳи хосса ба мувофиқа кардани ҷадвали мулоқот ва тамосҳои дар сатҳи олӣ пешбинишуда ҳам дар асоси дуҷониба ва ҳам дар сиғаи ҳамкориҳои бисёрҷониба зоҳир карда шуд.

Дар ин замина, ҷонибҳо ҷараёни омодагиро ба сафари расмии қарибулвуқӯи Президенти Федератсияи Русия муҳтарам Владимир Путин ба Тоҷикистон мавриди муҳокима қарор доданд. Аҳамияти татбиқи минбаъдаи амалии иқтидори азими ҳамёрии Тоҷикистон ва Русия дар тамоми соҳаҳои ҳамкорӣ таъкид карда шуд.

Сарони ҳарду давлат оид ба талошҳои минбаъдаи тарафҳо ҷиҳати таҳкими ҳамкориҳо дар доираи созмонҳои байналмилалӣ ва минтақавӣ ибрози ақида намуданд. Дар ин замина масъалаҳои марбут ба баргузории ҷаласаи навбатии Шӯрои амнияти дастаҷамъии Созмони Аҳдномаи амнияти дастҷамъӣ ва саммити ҷашнии Созмони ҳамкории Шанхай дар Душанбе баррасӣ шуданд. Бояд зикр кард, ки Тоҷикистон соли равон вазифаи раисиро дар созмонҳои бонуфузи минтақавии зикршуда иҷро мекунад.

Зимни суҳбати телефонӣ мубодилаи афкор оид ба масъалаҳои мубрами рӯзномаи байналмилалӣ ва минтақавӣ низ сурат гирифт.

Аз ҷумла, мушкилоти Афғонистон баррасӣ шуд. Муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва муҳтарам Владимир Путин бо изҳори нигаронӣ дар бораи рушди ташвишовари вазъ дар ин кишвар суҳбат карданд. Дар ин зимн ҷонибҳо ҷиҳати минбаъд ҳам ҳамоҳангсозии зичи амалҳои ҷонибҳо дар ин самт ба мувофиқа расиданд.

facebook
twitter
 
Идома
 
Идома
Идома
Нома ба президент
Мувофиқи талаботи моддаи 21 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муроҷиатҳои шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ» муроҷиатҳое, ки дар онҳо насаб, ном, номи падари шахси воқеӣ, маълумот дар бораи суроғаи маҳалли истиқомат ё номи пурраи шахси ҳуқуқӣ ва суроғаи маҳалли ҷойгиршавии он зикр нашудаанд ё хато нишон дода шудаанд, инчунин бе имзо (имзои электронии рақамӣ) пешниҳод шудаанд, муроҷиатҳои беном дониста шуда, мавриди баррасӣ қарор намегиранд, агар онҳо дорои маълумот оид ба тайёрӣ барои содир кардани ҷиноят ё ҷинояти содиршуда набошанд.
Image CAPTCHA
© Хадамоти матбуоти Президенти Тоҷикистон
Тел/Факс.: (+992 37)2212520