Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Суҳбати телефонӣ бо Президенти Ҷумҳурии Узбекистон Шавкат Мирзиёев

08.09.2021 17:50, шаҳри Душанбе

Имрӯз Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо Президенти Ҷумҳурии Узбекистон муҳтарам Шавкат Мирзиёев суҳбати телефонӣ анҷом доданд.

Президенти Узбакистони дӯст Сарвари давлати мо ва мардуми Тоҷикистонро бо 30-умин солгарди Истиқлолияти давлатии кишвар самимона табрик гуфта, ба Пешвои миллат хушбахтӣ, саломатӣ, комёбиҳои беназир ва ба мардуми кишвари мо - сулҳ, бурдборӣ ва шукуфоӣ  таманно намуд.

Дар рафти суҳбат масъалаҳои мубрами ҳамкории дуҷониба баррасӣ шуданд, рафти иҷрои созишномаҳое, ки дар Душанбе дар натиҷаи музокироти сатҳи олӣ зимни сафари расмии Президенти Ҷумҳурии Узбекистон ба Тоҷикистон ба даст омадаанд, баррасӣ шуд. Ҷонибҳо алоқамандии худро ҷиҳати густариши минбаъдаи муносибатҳои дӯстӣ, ҳамсоягии нек ва шарикии стратегии ду кишвар таъкид карданд.

Дар робита ба авҷ гирифтани танишҳо дар Афғонистон, ки ба амният ва суботи минтақа таҳдид мекунад, Президентҳо идомаи муколама оид ба масъалаҳои Афғонистонро дар доираи ҷаласаи ҷашнии сарони давлатҳои узви СҲШ ва мулоқоти сатҳи олӣ дар сиғаи СҲШ+СААД, ки нимаи аввали моҳи сентябри соли равон дар шаҳри Душанбе баргузор мешаванд, ҷонибдорӣ намуданд.

Дар идомаи сӯҳбат доир ба дигар масъалаҳои мубрами рӯзномаи байналмилалӣ ва минтақавӣ мубодилаи афкор сурат гирифт.

facebook
twitter
 
Идома
 
Идома
Идома
Нома ба президент
Мувофиқи талаботи моддаи 21 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муроҷиатҳои шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ» муроҷиатҳое, ки дар онҳо насаб, ном, номи падари шахси воқеӣ, маълумот дар бораи суроғаи маҳалли истиқомат ё номи пурраи шахси ҳуқуқӣ ва суроғаи маҳалли ҷойгиршавии он зикр нашудаанд ё хато нишон дода шудаанд, инчунин бе имзо (имзои электронии рақамӣ) пешниҳод шудаанд, муроҷиатҳои беном дониста шуда, мавриди баррасӣ қарор намегиранд, агар онҳо дорои маълумот оид ба тайёрӣ барои содир кардани ҷиноят ё ҷинояти содиршуда набошанд.
Image CAPTCHA
© Хадамоти матбуоти Президенти Тоҷикистон
Тел/Факс.: (+992 37)2212520