Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Суҳбати телефонӣ бо Президенти Федератсияи Русия Владимир Путин

14.09.2021 13:30, шаҳри Душанбе

Имрӯз миёни Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Президенти Федератсияи Русия муҳтарам Владимир Путин суҳбати телефонӣ сурат гирифт.

Зимни суҳбат масъалаҳои мубрами шарикии стратегии Тоҷикистон ва Русия, аз ҷумла ҷанбаҳои тиҷоративу иқтисодӣ, фарҳангиву гуманитарӣ, низомиву техникӣ ва дигар ҷанбаҳои муносибатҳои дуҷониба баррасӣ шуданд.

Сарони ду давлат инчунин масъалаҳои рӯзномаи минтақавӣ ва байналмилалиро баррасӣ карданд. Дар ин замина масоили нишастҳои сатҳи олии дарпешистодаи СААД ва СҲШ дар пойтахти Тоҷикистон - шаҳри Душанбе баррасӣ гардиданд.

Президентҳо оид ба вазъи ҷории низомиву сиёсии Афғонистон муфассал мубодилаи афкор намуда, ба вазъ дар сарҳади Тоҷикистону Афғонистон таваҷҷуҳи махсус зоҳир карданд.

Ҷонибҳо ҷиҳати ҳамоҳангсозии минбаъдаи талошҳо дар масоили  вобаста ба Афғонистон ва идомаи робитаҳо дар сатҳҳои гуногун ба мувофиқа расиданд.

facebook
twitter
Хабарҳо
Ҳамаи хабарҳо
 
Идома
 
Идома
Идома
Нома ба президент
Мувофиқи талаботи моддаи 21 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муроҷиатҳои шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ» муроҷиатҳое, ки дар онҳо насаб, ном, номи падари шахси воқеӣ, маълумот дар бораи суроғаи маҳалли истиқомат ё номи пурраи шахси ҳуқуқӣ ва суроғаи маҳалли ҷойгиршавии он зикр нашудаанд ё хато нишон дода шудаанд, инчунин бе имзо (имзои электронии рақамӣ) пешниҳод шудаанд, муроҷиатҳои беном дониста шуда, мавриди баррасӣ қарор намегиранд, агар онҳо дорои маълумот оид ба тайёрӣ барои содир кардани ҷиноят ё ҷинояти содиршуда набошанд.
Image CAPTCHA
© Хадамоти матбуоти Президенти Тоҷикистон
Тел/Факс.: (+992 37)2212520