Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Иштирок дар мулоқоти ғайрирасмии сарони давлатҳои аъзои Созмони Аҳдномаи амнияти дастаҷамъӣ

01.08.2009 14:00, Қирғизистон

Рӯзҳои 31 июл ва 1 – уми август Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Чолпон – Атаи Ҷумҳурии Қирғизистон дар мулоқоти ғайрирасмии сарони давлатҳои аъзои Созмони Аҳдномаи амнияти дастаҷамъӣ иштирок намуд.

Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмонро Вазири корҳои хориҷӣ Ҳамрохон Зарифӣ, Мушовири давлатии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба сиёсати хориҷӣ Эркин Раҳматуллоев, Вазири мудофиа Шералӣ Хайруллоев ва дигар шахсони расмӣ ҳамроҳӣ намуданд.

Дар мулоқот сарони ҳамаи 7 давлати аъзои ин созмон –Арманистон, Беларус, Русия, Тоҷикистон, Узбекистон ва Қазоқистону Қирғизистон иштирок доштанд.

Вохӯрии ғайрирасмии сарони кишварҳои узв ба баррасии як теъдод масоили мубрами ҷадвали кории Созмон бахшида шуд, ки дар байни онҳо аз умдатарин масъалаҳо мавзӯи таъмини амнияти иттилоотии кишварҳои аъзои Созмон буд.

Пӯшида нест, ки дар раванди ҷаҳонишавии ҳамаи ҷанбаҳои ҳаёти ҷомеаи муосир, тарзи ҳаёти ҷадиде зуҳур менамояд, ки бар иттилоот асос ёфтааст. Қисмати зиёди сохторҳои танзимкунандаи ҷомеа, аз ҷумла сохторҳои давлатӣ бо хатару таҳдидҳои нав мувоҷеҳ мешаванд, ки ҷанги иттилоотӣ, пайдо шудани шабакаҳои террористии иттилоотӣ, бозӣ бо афкори умум аз қабили онҳоянд.

Табиист, ки ҳар як кишвари узви Созмон наметавонад бо нерӯи худӣ ба тамоми ин хатару таҳдидҳои нави иттилоотӣ ҷавоб гӯяд. Аз ин ҷост, ки масъалаи ташкилу танзими имконоти муштараки иттилоотӣ ҷиҳати аз байн бурдани таҳдиду хатарҳои иттилоотии мавҷуда ва оянда тақвияти фазои ягонаи иттилоотӣ, ҳамоҳангсозии фаъолонаи сиёсати иттилоотӣ масъалаҳои муҳимтарини рӯз мегарданд.

Аз ин лиҳоз танзими механизми муассири амалиёти муштарак истифодаи таҷрибаи дар бахшҳои дигари ҳамкории байналмилалӣ андӯхташуда бо дарназардошти рушди босуръати технологияҳои иттилоотӣ аз масоили муҳимтарини ҷадвали кории Созмон дониста шуданд.

Сарвари давлати Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон зимни баррасии мавзӯъҳои зикршуда таъкид намуд, ки андешидани чораҳои зарурӣ ҷиҳати аз байн бурдани таҳдиду хатарҳои иттилоотӣ талаби замон буда, қабл аз ҳама даст кашидан аз амалияи истифодаи ғаразноки имкониятҳои иттиллоотии як кишвари узви Созмон таҳдиди воқеияти сиёсиву иҷтимоии кишвари дигари узвро тақозо менамояд.

Қарор карда шуд, ки таҳти васоёи Созмони Аҳдномаи амнияти дастаҷамъӣ дар шаҳри Маскав як Маркази технологияҳои иттилоотӣ таъсис дода шавад.
Ҳангоми ҷаласаи мазкур Сарони кишварҳо масъалаҳои дигари муҳими минтақавию байналмилалиро низ баррасӣ намуданд.

Дар ҳошияи Мулоқоти ғайрирасмии Сарони кишварҳои узви Созмони Аҳдномаи амнияти дастаҷамъӣ, Президенти мамлакат Эмомалӣ Раҳмон як теъдод вохӯриву мулоқотҳо бо роҳбарони мамлакатҳои дигари аъзои Созмон анҷом дод.

Баъди итмоми ҷаласа Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон рӯзи 1 август ба Ватан баргашт.

Дар фурӯдгоҳи пойтахт Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмонро раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Маҳмадсаид Убайдуллоев, Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон Оқил Оқилов, Роҳбари Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Амиршо Миралиев ва дигар шахсони расмӣ истиқбол намуданд.

facebook
twitter
 
Идома
 
Идома
Идома
Нома ба президент
Мувофиқи талаботи моддаи 21 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муроҷиатҳои шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ» муроҷиатҳое, ки дар онҳо насаб, ном, номи падари шахси воқеӣ, маълумот дар бораи суроғаи маҳалли истиқомат ё номи пурраи шахси ҳуқуқӣ ва суроғаи маҳалли ҷойгиршавии он зикр нашудаанд ё хато нишон дода шудаанд, инчунин бе имзо (имзои электронии рақамӣ) пешниҳод шудаанд, муроҷиатҳои беном дониста шуда, мавриди баррасӣ қарор намегиранд, агар онҳо дорои маълумот оид ба тайёрӣ барои содир кардани ҷиноят ё ҷинояти содиршуда набошанд.
Image CAPTCHA
© Хадамоти матбуоти Президенти Тоҷикистон
Тел/Факс.: (+992 37)2212520