Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Паёми телевизионӣ ба муносибати 19-умин солгарди Истиқлолияти давлатӣ

08.09.2010 19:00, шаҳри Душанбе

Ҳамватанони азиз!

Фардо мардуми шарифу сарбаланди Тоҷикистон нуздаҳумин солгарди истиқлолияти давлатӣ - бузургтарин ва муқаддастарин дастоварди таърихи навини худро бо шукўҳу ҷалоли хоса истиқбол менамояд.

Нуздаҳ сол аст, ки аз партави истиқлолият тоҷи заррини давлати Тоҷикистони соҳибихтиёри мо бо рангу ҷилои нав медурахшад ва аз шўълаи ҳаётбахши он рўзгори мо мазмуну таровати тоза ва осоишу баракати рўзафзун пайдо карда, манзилу маъво, шаҳру деҳот, водиҳои сарсабзу хуррам ва қуллаҳои сар ба фалаккашидаи кишварамон ғарқи нури истиқлол мебошанд.

Имрўз ҳамаи мардуми шарифу сарбаланди Тоҷикистон бо тамоми ҳастӣ дарк менамоянд, ки истиқлолият муқаддастарину азизтарин неъмати дунё, рукни асосии давлати озод, рамзи шарафу номуси ватандорӣ, кафолати хонаи ободу сари баланд ва нерўи таконбахши ҳаёти ҳаррўзаи мо мебошад.

Бинобар ин, бо камоли шодмониву ифтихормандӣ хурду бузурги сарзамини озоду соҳибихтиёрамон ва тамоми тоҷикони ҷаҳонро ба шарафи ин ҷашни муқаддасу муборак самимона табрик гуфта, орзумандам, ки ситораи иқболи давлати соҳибистиқлоламон ҳамеша фурўзон бошад.

Дар рўзҳои ҷашни истиқлолият ҳамаи мо бояд шукрона кунем, ки ормонҳои ҳазорсолаи давлатсозиву давлатдории ниёгони озодихоҳамон бо талошу пайкор ва бурду бохтҳои бешумор оқибат ҷомаи амал пўшиданд ва мову шумо имрўз соҳиби давлати мустақили миллии хеш ҳастем.

Мо бори дигар итминон пайдо менамоем, ки он ҳама талошу муборизаҳои гузаштагонамон ба хотири озодиву истиқлолият чун мероси аҷдодӣ аз насл ба насл интиқол ёфта, боиси умри ҷовид пайдо намудани суннатҳои пурқимати таърихиву фарҳангӣ ва забону адаби ғановатманди мо гардидаанд.

Мову шумо аз фарози асри бистуяк бояд ҳеҷ гоҳ фаромўш насозем, ки озодӣ ва истиқлолият муқаддастарин ва волотарин дастоварди миллат буда, саҳифаҳои пурифтихори озодихоҳиву ватанпарастии мардуми мо бо хуни ҳазорон далерону родмардони ватанпарвар навишта шудаанд.

Аз ин лиҳоз, давраи нуздаҳсолаи истиқлолияти Тоҷикистон дар умқи таърихи куҳанбунёдамон реша дорад ва ҳамеша аз он нерўву ғизо мегирад.

Истиқлолият ва ваҳдати миллӣ ба халқу мамлакати мо қувваи тавоное бахшида, барои пешрафти ҳаёти сиёсӣ ва иқтисодиву иҷтимоӣ фазои мусоиду озод фароҳам овард ва имрўз мо дилпурона метавонем гўем, ки Тоҷикистон дар кўтоҳтарин муддат ба дастовардҳои хеле назаррас ноил гардид.

Аз файзу баракати истиқлолият, сулҳу субот ва ваҳдати миллӣ самтҳои афзалиятноку муҳимтарини сиёсати дохилии давлати соҳибистиқлоламон тарҳрезӣ ва муайян карда шуданд, ки мо онҳоро дар доираи се ҳадафи стратегӣ – таъмини истиқлолияти энергетикии давлатамон, аз бунбасти коммуникатсионӣ раҳоӣ бахшидани кишварамон ва ҳифзи амнияти озуқавории мардуми шарифамон зина ба зина татбиқ карда истодаем.

Имрўз дар шароите, ки истиқлолияти Тоҷикистон сол то сол таҳким меёбад, мо сарфи назар аз ҳамаи монеаву мушкилоти мавҷуда азми қавӣ дорем, ки бо бунёди иншооти гидроэнергетикиву коммуникатсионӣ, рушди саноати миллӣ, пешбурди кишоварзӣ ва тараққӣ додани коркарди саноатии ашёи хоми ватанӣ мақсади ниҳоии худ, яъне сатҳу сифати шоиставу арзандаи зиндагии аҳолиро марҳала ба марҳала амалӣ намоем.

Истиқлолият Тоҷикистонро бо ҷаҳон ва ҷаҳонро бо Тоҷикистон наздику қарин гардонид. Сиёсати «дарҳои кушод» ва густариши ҳамкориҳои мутақобилан судманд обрў ва мақоми Тоҷикистонро дар арсаи олам хеле боло бурд.

Гузашта аз ин, фақат дар давоми даҳсолаи охир ҳамкориҳои мутақобилан манфиатбахши Тоҷикистон бо бисёр давлатҳои ҷаҳон, созмонҳои бонуфузи байналмилалӣ ва институтҳои молиявии ҷаҳонӣ барои болоравии мақоми давлати соҳибистиқлоламон дар арсаи байналхалқӣ пойдевори боэътимод гузошт.

Ба шарофати истиқлолият Тоҷикистони мо ба маркази баргузории чорабиниҳои мухталифи сатҳи байналмилалӣ табдил ёфт ва ташаббусҳои наҷибу пешниҳодҳои мушаххаси кишвари мо боиси афзудани эътибори ҷаҳонии он гардиданд.

Чорабиниҳои басо муҳим ва арзишманди байналхалқӣ, аз ҷумла Конфронси байналмилалӣ бахшида ба арзёбии марҳалаи аввали Даҳсолаи амалиёти «Об барои ҳаёт» ва Иҷлосияи 37-уми Шўрои вазирони корҳои хориҷии кишварҳои аъзои Созмони Конфронси Исломӣ ё худ таҷлили соли бузургдошти Имоми Аъзам нуфузи Тоҷикистонро дар арсаи байналмилалӣ ва олами ислом дучанд афзуданд.

Ҳамчунин, соли гузашта Созмони Милали Муттаҳид бо ширкати намояндагони 192 давлати ҷаҳон – аъзои ин созмони бонуфузтарини байналмилалӣ ба ифтихори ҷашни 1150-солагии фарзанди ҷаҳоншумули миллати мо устод Рўдакӣ анҷумани бошукўҳи адабиву фарҳангие барпо намуд.

Бо пешниҳоди мо ва дастгирии кишварҳое, ки Наврўзро таҷлил мекунанд, Созмони Милали Муттаҳид Наврўзи Аҷамро ҳамчун ҷашни байналмилалӣ пазируфт ва чанде пештар Муассисаи илм ва фарҳанги Созмони Милали Муттаҳид, яъне ЮНЕСКО ёдгории таърихии Саразмро низ чун ёдгории нодири фарҳанги башарӣ эълон кард, ки ин ҳама нишонаи возеҳи эҳтиром ва арҷгузорӣ ба адабиёту фарҳанги қадима ва эътирофи таърихи беш аз панҷҳазорсолаи мо, инчунин нақшу мақоми Тоҷикистони навин дар миёни дигар кишварҳои олам мебошад.

Ин аст самараи ҳаётбахши истиқлолият, фазои сулҳу ваҳдат, робитаҳои сулҳу дўстиву ҳамкориҳои судбахш ва аҳамияти он дар шинохти қадру манзалати давлати соҳибихтиёри мо дар арсаи ҷаҳон.

Ҳамватанони мўҳтарам!

Муқаддасу бегазанд ва ҳамеша пойдору устувор нигоҳ доштани истиқлолият – ин дастоварди бузург ва неъмати беҳамтои миллӣ вазифаи давлат ва рисолати ҷонии ҳар як шаҳрванди худшиносу худогоҳ ва бонангу номуси Тоҷикистон аст.

Расидан ба қадри истиқлолият ва давлатдории мустақилона, таҳкими сулҳу субот ва ваҳдати миллӣ, эҳсоси гарми ватандориву ватанпарастӣ, бедории маънавӣ, ифтихори миллӣ, пос доштани арзишҳои миллӣ ва рамзҳои давлатдорӣ – ҳама дар маҷмўъ моро ба сўи бунёди ҷомеаи воқеан шаҳрвандӣ, пешрафти устувори иқтисодиву иҷтимоӣ ва татбиқи нақшаву ҳадафҳои тақдирсози стратегӣ мебаранд.

Истиқлолият ва зарурати таҳкими дастовардҳои он моро водор месозад, ки хотираи таърихии халқамонро эҳё намуда, арзишҳои ахлоқиву фарҳангии худро аз нав барқарор созем ва барои рушду нумўи забону адабиёт, илму фарҳанг ва мактабу маориф беш аз ҳар вақти дигар кўшишу ғайрат намоем.

Ба ин маънӣ дар Паёми имсолаи худ ба Маҷлиси Олӣ беҳуда таъкид накарда будам, ки «дар ин давраи тақдирсоз рў овардан ба осори гузаштагони маъруфи халқи тоҷик ва тамаддуни оламшумули он дар тақвияти раванди ташаккули андеша ва худшиносии миллӣ, таҳкими асосҳои ҷомеаи мутамаддини шаҳрвандӣ ва заминаи маънавии давлати соҳибистиқлоли Тоҷикистон воситаи тавонову созандае мебошад».

Мо соли 2010-ро Соли маориф ва фарҳанги техникӣ эълон намудаем ва итминон дорем, ки ин тадбир барои вусъати донишу ҷаҳонбинӣ ва маърифати техникии махсусан ҷавонон мусоидат менамояд ва онҳоро барои дастёбӣ ба ҷаҳони илму техника ва технологияҳои пешрафта водор ва ташвиқ месозад.

Мо дар солҳои истиқлолият барои эҳё намудан ва инкишоф додани забони давлатиамон, ки забони шевою шоирона ва ширину шаҳдбори тоҷикӣ мебошад, ҷойгоҳи арзанда ва мақоми шоиста муҳайё сохтем.

Забони тоҷикии мо, ки замоне бо он аз сари минбарҳо сухан гуфтан қариб аз миён рафта буд, имрўз аз минбари олии Созмони Милали Муттаҳид ва дигар созмонҳои байналмилалӣ баланд садо медиҳад ва чун пайки сулҳу дўстиву ваҳдат дар ақсои олам парвоз мекунад.

Пас ғамхории давлатӣ ва умумихалқӣ ба чунин як забони куҳану пурмўҳтаво, нобу шево ва лафзи гавҳарбори модарӣ барои ҳар кадоми мо - соҳибони он ҳам фарз асту ҳам суннат аст.

Дўстони азиз!

Мо соли оянда 20-солагии истиқлолияти давлатии Тоҷикистони азизамонро таҷлил мекунем. ҷашне, ки таҷассумкунандаи тамоми дастовардҳои бист соли истиқлолият дар самтҳои гуногуни ҳаёти ҷомеаи мо хоҳад гашт.

Тоҷикистони мо ҳоло чун ҷавони саропо ғайрату кўшишу ҳиммат ва нерўманду солиму бардам бо азми дучанд машғули бунёдкорист, то ҷашни камолоти бистсолагии худро бо дастовардҳои шоёну арзанда истиқбол намояд.

Мо хушбахт ҳастем, ки давлати соҳибистиқлол дорем ва халқи эҷодгару бунёдкорамон таърихи навини худро бо дасти худ бунёд мекунад, Ватани маҳбубамон пайваста обод мешавад. Мо ҳамеша саъю талош меварзем, ки сарзаминамон, таърихамон ва муқаддасоти халқу давлатамонро аз ҳама гуна таҳдидҳои ин ҷаҳони пурмоҷаро ва пурталотум солиму эмин нигоҳ дорем.

Мо бо тамоми ҳастиамон кўшишу талош хоҳем кард, ки кохи истиқлоли давлати Тоҷикистон дар ҳама давру замонҳо пурҷилову мўҳташам ва устувору бегазанд бошад.

Имрўз ҳар як хиште, ки мову шумо ба кохи истиқлоли давлати худ мегузорем, бешубҳа, онро таҳкими бештар мебахшад ва рўз то рўз пойдору устувортар мегардонад.

Ман ба нангу номуси миллӣ, ғайрату ҳиммати ватандўстона ва заҳмату фаъолияти содиқонаву софдилонаи мардуми шарифи Тоҷикистон итминони комил дорам ва бо эътимоди қавӣ изҳор медорам, ки мо ҳама аҳлона нақшаҳои созандаву ниятҳои неки бунёдкории Ватани озоду соҳибихтиёрамонро амалӣ мегардонем ва дар солҳои наздиктарин шароити зиндагиву рўзгори халқамонро ба сатҳи шоиста мерасонем.

Бо орзуи ҷовидонагии истиқлолияти давлатиамон бори дигар тамоми хурду бузурги Тоҷикистони азизу маҳбубамонро ба шарафи ҷашни мубораку муқаддаси миллиамон табрик мегўям.

Бигзор, роҳи Тоҷикистони соҳибистиқлоли мо ба сўи ояндаи дурахшон, ба сўи пешрафту тараққиёт ҳамеша ҳамвору нурбор ва пур аз фатҳу зафар бошад!
Бигзор, чароғи нурафшони истиқлолият дар дилу дидаи ҳар як шаҳрванди Тоҷикистон ҳамеша фурўзону ҷовидон ва равшангари роҳи имрўзу фардои мо бошад!

Дар ин айёми фараҳбахшу пурнишоти ҷашни истиқлолият бо меҳру муҳаббати бепоён ба халқи бунёдкору шарафманди азизам саодатмандиву саломатӣ, сари баланду нерўи тоза ва фатҳи қуллаҳои навро орзумандам.

Ҷашни бузурги истиқлолу озодӣ муборак, ҳамватанони азиз!

facebook
twitter
 
Идома
 
Идома
Идома
Нома ба президент
Мувофиқи талаботи моддаи 21 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муроҷиатҳои шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ» муроҷиатҳое, ки дар онҳо насаб, ном, номи падари шахси воқеӣ, маълумот дар бораи суроғаи маҳалли истиқомат ё номи пурраи шахси ҳуқуқӣ ва суроғаи маҳалли ҷойгиршавии он зикр нашудаанд ё хато нишон дода шудаанд, инчунин бе имзо (имзои электронии рақамӣ) пешниҳод шудаанд, муроҷиатҳои беном дониста шуда, мавриди баррасӣ қарор намегиранд, агар онҳо дорои маълумот оид ба тайёрӣ барои содир кардани ҷиноят ё ҷинояти содиршуда набошанд.
Image CAPTCHA
© Хадамоти матбуоти Президенти Тоҷикистон
Тел/Факс.: (+992 37)2212520