Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Суҳбати телефонӣ бо Президенти Ҷумҳурии Қазоқистон муҳтарам Қосим-Жомарт Токаев

05.10.2021 12:30

Имрӯз байни Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Президенти Ҷумҳурии Қазоқистон муҳтарам Қосим-Жомарт Токаев суҳбати телефонӣ сурат гирифт.

Президенти Қазоқистони дӯст муҳтарам Қосим-Жомарт Токаев Сарвари давлати мо муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро дар иртибот ба ҷашни зодрӯзашон самимона табрик намуда, ба ӯ беҳтарин таманниёташонро иброз доштанд.

Дар рафти суҳбат Сарварони ду давлат атрофи масъалаҳои алоҳидаи рӯзномаи ҳамкории дуҷониба ва минтақавӣ мубодилаи афкор анҷом доданд.

Пешвои миллат ба Президенти Қазоқистон барои табрикоташон ибрози сипос намуда, бо изҳори қаноатмандӣ ҷараёни рушди босуръати ҳамкории Тоҷикистону Қазоқистонро дар чорчӯбаи муносиботи дӯстӣ ва шарикии стратегӣ қайд карданд.

Дар ин зимн ба татбиқи пайгиронаи мувофиқаҳои ҷиҳати пешбурди ҳамкории ҷонибҳо, ки дар рафти сафари расмии муҳтарам Қосим-Жомарт Токаев ба Тоҷикистон ҳосил гардида буданд, таваҷҷуҳи марбута зоҳир карда шуд.

facebook
twitter
 
Идома
 
Идома
Идома
Нома ба президент
Мувофиқи талаботи моддаи 21 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муроҷиатҳои шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ» муроҷиатҳое, ки дар онҳо насаб, ном, номи падари шахси воқеӣ, маълумот дар бораи суроғаи маҳалли истиқомат ё номи пурраи шахси ҳуқуқӣ ва суроғаи маҳалли ҷойгиршавии он зикр нашудаанд ё хато нишон дода шудаанд, инчунин бе имзо (имзои электронии рақамӣ) пешниҳод шудаанд, муроҷиатҳои беном дониста шуда, мавриди баррасӣ қарор намегиранд, агар онҳо дорои маълумот оид ба тайёрӣ барои содир кардани ҷиноят ё ҷинояти содиршуда набошанд.
Image CAPTCHA
© Хадамоти матбуоти Президенти Тоҷикистон
Тел/Факс.: (+992 37)2212520