Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Маросими истиқболи расмӣ дар Маҷмааи Артиши миллии Фаронса

13.10.2021 13:20, Франсия
Маросими истиқболи расмӣ дар Маҷмааи Артиши миллии Фаронса  13.10.2021

13 октябр маросими истиқболи расмии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон тибқи муқаррароти расмии пазироии меҳмонони олимақом дар саҳни фахрии Маҷмааи Артиши миллии Фаронса доир гардид.

Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба саҳни ҳавлии Маҷмааи Артиши миллӣ ташриф оварданд.

Барои баргузории ин чорабинӣ макони он идона ороста шуда, парчамҳои ҳар ду давлат овезон карда шуда, Горди фахрӣ барои истиқболи меҳмони олиқадр саф кашид.

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро Котиби давлатии Вазорати Аврупо ва корҳои хориҷии Фаронса Жан-Батист Лемуан ва Генерал-лейтенанти мақомоти низомии шаҳри Париж Лоран Пронса истиқбол гирифта, ба минбари ифтихорӣ даъват намуданд.

Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз назди сафи горди фахрӣ гузашта дар макони ифтихорӣ қарор гирифтанд.

Сипас сурудҳои милии ҳар ду давлат садо дод. Баъди садои суруди миллӣ горди фахрӣ аз назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо қадамзании мутантан гузашт.

Баъди анҷоми гузашти горди фахрӣ муаррифии ҳайатҳои расмии ду ҷониб сурат гирифт.

Бо ҳамин маросими истиқболи расмӣ дар саҳни фахрии Маҷмааи Артиши миллии Фаронса ба анҷом расид.

facebook
twitter
 
Идома
 
Идома
Идома
Нома ба президент
Мувофиқи талаботи моддаи 21 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муроҷиатҳои шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ» муроҷиатҳое, ки дар онҳо насаб, ном, номи падари шахси воқеӣ, маълумот дар бораи суроғаи маҳалли истиқомат ё номи пурраи шахси ҳуқуқӣ ва суроғаи маҳалли ҷойгиршавии он зикр нашудаанд ё хато нишон дода шудаанд, инчунин бе имзо (имзои электронии рақамӣ) пешниҳод шудаанд, муроҷиатҳои беном дониста шуда, мавриди баррасӣ қарор намегиранд, агар онҳо дорои маълумот оид ба тайёрӣ барои содир кардани ҷиноят ё ҷинояти содиршуда набошанд.
Image CAPTCHA
© Хадамоти матбуоти Президенти Тоҷикистон
Тел/Факс.: (+992 37)2212520