Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Суханронӣ дар мулоқот бо сокинони ноҳияи Зафаробод

25.06.2009 13:00, ноҳияи Зафаробод

Ҳамватанони азиз!
Ҳозирини гиромӣ!

Кайҳо боз мехостам бо мардуми сарбаланд, ободгар ва ватандӯсти ноҳияи Зафаробод мулоқот намуда, бо зиндагӣ ва кору пайкорҳои созандагии сокинони заҳматкаши он шинос шавам.

Хушбахтона ин мулоқоту дидорбинӣ ба арафаи 12-умин солгарди Рӯзи Ваҳдати миллӣ рост омад ва аз ин рӯ, аввалан мехоҳам ҳамаи шумо ва дар симои шумо тамоми мардуми ноҳияро ба шарафи ин иди фархунда ва бошукӯҳи умумихалқӣ табрику муборакбод намоям.

Ваҳдати миллӣ ва сулҳу субот барои мо воситаи тақдирсозе гардид, ки пеш аз ҳама барои таҳкими рукнҳои давлату давлатдорӣ, ҳифзи тамомияти арзии кишвар ва иттиҳоду ҳамрайъии кулли ҳамватанонамон шароити мусоид ва фазои созанда фароҳам овард.

Ба андешаи ман пойдории ваҳдати миллӣ ва сулҳу субот, таҳкими худшиносию худогоҳии миллат, болоравии ифтихори ватандӯстиву меҳри ватандорӣ ва раҳидан аз нуфузи бегонапарастӣ аз бузургтарин дастовардҳои сиёсати ваҳдатгароии мо дар тӯли даҳсолаи охир ба шумор меравад, ки маҳз бо шарофати хиради азалии мардуми соҳибмаърифату фарҳангдӯсти тоҷик муяссар гардид.

Пас аз имзо шудани Созишномаи умумии истиқрори сулҳ ва ризоияти миллӣ дар кишвар тадриҷан фазои сулҳу субот ва зиндагии осоишта фароҳам омада, мову шумо тавонистем, ки ба марҳалаи навини давлатдорӣ, созандагиву бунёдкорӣ ва пеш гирифтани ислоҳоти амиқ дар тамоми соҳаи иқтисодиёт ва иҷтимоиёт, инчунин дигар ҳадафҳои стратегӣ рӯ оварем. Ҳадафҳои дурнамои иқтисодӣ дар соҳаҳои энергетика, роҳсозиву коммуникатсия, кишоварзӣ ва саноат ба самтҳои асосии сиёсати стратегии давлат дар роҳи расидан ба истиқлолияти комил табдил ёфтанд.

Дар давоми панҷ соли охир барои рушди соҳаҳои энергетика, нақлиёту коммуникатсия ва кишоварзӣ аз ҳамаи манбаъҳои маблағгузории давлатӣ зиёда аз 7 миллиард сомонӣ равона карда шуд. Дар айни ҳол сохтмони нерӯгоҳи барқии Сангтӯда-1 дар арафаи анҷомёбӣ буда, бунёди нерӯгоҳҳои барқии Роғун ва Сангтӯда-2 босуръат идома дорад.

Мо дар давоми даҳ соли охир зиёда аз 150 нерӯгоҳи хурди барқи обӣ сохта, ба истифода додем ва то охири сол дар маҷмӯъ боз бунёди 50 нерӯгоҳи хурди дигар дар назар дошта шудааст. Ҳамзамон бо ин, таҳияи лоиҳаи сохтмони нерӯгоҳҳои «Нуробод-1», «Нуробод-2», «Айнӣ» ва «Шӯроб» идома доранд.

Ҷиҳати таъсиси низоми ягонаи энергетикии мамлакат сохтмони хатти интиқоли барқи «Лолазор-Хатлон» пурра ба анҷом расида, бунёди хатти интиқоли барқи панҷсадкиловолтаи «Ҷануб-Шимол» дар охири сол ба анҷом хоҳад расид. Ин имкон медиҳад, ки вилояти Суғд ба шабакаи ягонаи энергетикии мамлакат пайваст шуда, дар ояндаи наздик аз танқисии нерӯи барқ раҳоӣ ёбад.

Гузашта аз ин, бо истифода аз маблағҳои буҷетӣ ва сармояи хориҷӣ дар маҷмӯъ 1 ҳазору 200 километр роҳҳои байналмилалии мошингард, 14 километр нақб, 93 пул, 5 километр иншооти зиддитармавӣ ва чаҳор пули байнимарзӣ бунёд шуданд ва сохта шуда истодаанд.

Лекин ҳамаи ин дастовардҳо ҳанӯз нокифоя мебошанд. Мову шумо бояд дар шароити бӯҳрони ҷаҳонии молиявию иқтисодӣ тамоми нерӯву ғайрат ва азму иродаи худро барои рушди ҳамаи соҳаҳои зиндагӣ сафарбар намоем, аз мушкиливу норасоиҳои рӯзгор наҳаросем ва рӯҳбаланду қавиирода бошем.

Нерӯву иродаи инсон дар ваҳдату ҳамрайъӣ ва муттаҳидӣ аст ва ҳама гуна мушкилоти зиндагиро бо рафоқату дӯстӣ, заҳмати ҳалолу созанда ва саъю талоши пайваста метавон паси сар кард.

Азхудкунии заминҳои нав, кушодани ҷӯйбору корезҳо, обёрии биёбон ва даштҳои ташналаб, парвариши боғу марғзорҳои сарсабз рисолати қадимаи мардуми мост.

Зафаробод аз ҷумлаи ноҳияҳое мебошад, ки дар натиҷаи азхудкунии даштҳои асрҳои дароз бекорхобидаву ташналаби Мирзочӯл таъсис ёфтааст ва мардуми ободгари он аз баракати рафоқату дӯстӣ, ҳусни тафоҳум, равобити мусолиматомез ва таҳкими муносибатҳои ҳамкорӣ дар як биёбони хушку беоб шаҳракҳои замонавӣ ва деҳкадаҳои нав бунёд карданд.

Гузашта аз ин, пахтакорӣ, ғаллапарварӣ, сабзавоткорӣ, чорводорӣ, пиллапарварӣ ба шуғли асосии мардуми заҳматкаши он табдил ёфтааст.
Дар айни ҳол, яъне дар давоми панҷ моҳи соли ҷорӣ деҳқонони ноҳия бо истифода аз таҷрибаи деринаи худ истеҳсоли маҳсулоти кишоварзиро нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта дар ҳамаи шаклҳои хоҷагидорӣ барзиёд таъмин намудаанд.

Бояд қайд намуд, ки яке аз роҳҳои асосии ҳифзи амнияти озуқавории мамлакат ва дар сатҳи устувор нигоҳ доштани нархҳои бозори истеъмолӣ истифодаи самараноку оқилонаи замин, баланд бардоштани ҳосилнокии он, аз заминҳои обӣ дар як сол рӯёнидани ду ҳосил ва бо ҳамин васила зиёд намудани истеҳсоли маводи ғизоии худӣ мебошад.

Боварии комил дорам, ки деҳқонони соҳибтаҷриба ва корозмудаи ноҳияи шумо дар рушди соҳаҳои пахтакорӣ, сабзавоткорӣ, парвариши ғалладона ва маҳсулоти полезӣ бори дигар маданияти баланди заминдорӣ ва ҳунари деҳқонии худро нишон дода, намунаи ибрати дигарон мегарданд.

Дар даврони соҳибистиқлолии кишвар дар ноҳияи Зафаробод саноат низ ба яке аз соҳаҳои асосии иқтисодиёт табдил ёфт. Ҳоло дар ноҳия 3 заводи пахтатозакунӣ, 5 корхонаи равғанкашӣ фаъолият доранд, ки барои коркарди ашёи хоми истеҳсоли худӣ ва фароҳам овардани ҷойҳои корӣ мусоидат мекунанд.

Вале бояд гуфт, ки корхонаҳои саноатии ноҳия дар ҳаҷми 55 фоизи ҳамин давраи соли гузашта маҳсулот истеҳсол кардаанд, ки ин қонеъкунанда нест. Ба чунин вазъ пеш аз ҳама истеҳсоли нокифояи пахта дар соли 2008 ва берун аз ҳудуди ноҳия ба роҳ мондани коркарди пахта ва чигити техникӣ боис шудаанд.

Дар маркази ноҳия ҳоло бо иқтидори коркарди 2000 тонна нахи пахта ва муҳайё намудани 250 ҷойи корӣ фабрикаи ресандагӣ бунёд шуда истодааст. Дар робита ба ин, таъкид месозам, ки ба суръати сохтмон ва таҷҳизонидани он аҳамияти ҷиддӣ додан зарур аст.

Аз ин рӯ, Вазорати энергетика ва саноат ва мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд вазифадоранд, ки дар хусуси ҳарчи зудтар ба истифода додани корхонаи ресандагии ноҳияи Зафаробод тадбирҳои ҷиддӣ андешанд.

Ҳамзамон дар бораи боздошти тамоюли афзоиш ва кам кардани сатҳи қарздорӣ аз истифодаи нерӯи барқ, ки ҳаҷми умумии он ҳоло дар ноҳия ба 27 миллион сомонӣ расидааст ва аз оғози соли ҷорӣ боз 2 миллион сомонӣ зиёд гардидааст, чораҷӯӣ намоянд.

Дӯстони азиз!

Рушди соҳаи илму маориф ва тандурустӣ самти афзалиятноки сиёсати пешгирифтаи давлати мо буда, ҳадафи он амалӣ намудани низоми таълими ҷавобгӯи сатҳи байналмилалӣ ва тайёр кардани кадрҳои баландихтисоси дорои тафаккури баланд ва ҷаҳонбинии пешрафта мебошад.

Аз ин хотир, Ҳукумати мамлакат маблағгузории соҳаҳои маорифу тандурустиро сол ба сол афзоиш дода, ба таъмиру азнавсозӣ ва таъминоти муассисаҳои таълимиву тандурустӣ бо лавозимоти зарурӣ, баланд бардоштани маоши кормандони соҳаҳои илм, маориф ва тандурустӣ таваҷҷӯҳи хоса зоҳир мекунад.

Мо кӯшиш менамоем, ки дар мамлакат, аз ҷумла ноҳияи Зафаробод низ барои таҳсили мактаббачагон ва табобати беморон тамоми шароитҳои зарурӣ тадриҷан фароҳам оварда шаванд.

Мо ҳамаи мушкилоти аҳолии ноҳияро хуб медонем. Ин, пеш аз ҳама, ба ҳолати имрӯзаи пойгоҳҳои обкашӣ дахл дорад. Пойгоҳҳои мазкур асосан солҳои ҳафтодуми асри гузашта сохта, ба истифода дода шудаанд.

Мӯҳлати истифодаи баъзеи онҳо кайҳо гузаштааст. Маҳз бо ҳамин сабаб дар мавсими обёрӣ пойгоҳҳо баъзан аз кор баромада, боиси аз нашъунамо мондан ва паст гардидани ҳосили зироатҳо мегарданд. Барои бартараф намудани чунин мушкилот Ҳукумати мамлакат пайваста тадбирҳо меандешад.

Бо мақсади ҳалли мушкилоти пойгоҳҳои обкашии ноҳия моҳи апрели соли ҷорӣ ба андозае муайян маблағ ҷудо шуда буд, ки он ҳанӯз кофӣ нест.

Бинобар ин, ба Вазорати мелиоратсия ва захираҳои об зарур аст, ки якҷо бо мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд ва ноҳияи Зафаробод дар бораи ба эътидол овардани вазъи техникӣ ва фаъолияти бонизоми пойгоҳҳои обкашии ноҳия тадбирҳои муассир андешанд.

Проблемаи дигар ин ҳолати бади роҳҳои автомобилгарди ноҳия мебошад, ки муддати зиёд таъмири асосиро надидаанд. Чанд сол пештар сохтмони роҳ тавассути ҳудуди Истаравшан оғоз ёфта буд. Вале бунёди он сол ба сол ба таъхир мемонад.

Аз ин рӯ, ба Вазорати нақлиёт ва коммуникатсия, Кумитаи сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатӣ ва мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд ва ноҳияи Зафаробод зарур аст, ки доир ба сохтмони роҳи зикршуда ва таъмиру азнавсозии роҳҳои мошингарди ҳудуди ноҳия чораҷӯӣ намоянд.

Ҳозирини мӯҳтарам!

Дар шароите, ки бӯҳрони ҷаҳонии молиявию иқтисодӣ ба кишвари мо низ таъсири манфӣ мерасонад, мову шумо ва ҳар фарде, ки халқу Ватани худро дӯст медорад, ба истиқлолияти давлатӣ ҳамчун арзиши муқаддас арҷ мегузорад ва аз давлатдории миллати сарбаланди худ ифтихор менамояд, бояд дар иҷрои кору вазифаи худ бо масъулияти баланд муносибат намояд.

Шумо – сокинони меҳмоннавозу заҳматдӯсти ноҳияи Зафаробод, ки дар кишоварзӣ шӯҳрати дерина доред, бояд пеш аз ҳама бо истифода аз таҷрибаи деҳқонии худ ва бо роҳи баланд бардоштани ҳосилнокии замин, вусъат додани кишти такрорӣ ва ҷамъоварии саривақтии ҳосил барои зиёд гардонидани ҳаҷми истеҳсоли тамоми намудҳои маҳсулоти кишоварзӣ кӯшиш ба харҷ диҳед.

То ин, ки понздаҳумин солгарди қабули аввалин Конститутсияи давлати соҳибистиқлоламон, Соли бузургдошти пешвои мазҳабиамон - Имоми Аъзам ва ҷашни муқаддаси умумимиллиамон - 20-солагии Истиқлолияти давлатии Тоҷикистонро, ки онро соли 2011-ум таҷлил менамоем ва тамоми кору фаъолияти имрӯзаи мо ба ифтихори онҳо сурат мегирад, сазовор истиқбол гирем.

Эътимоди комил дорам, ки бо шафоати рӯҳи абадзиндаи Имоми Аъзам ва дигар фарзандони бузурги халқамон мову шумо ҳамаи мушкилиҳои мавҷударо бо заҳмати аҳлона ва фаъолияти содиқонаву софдилона паси сар намуда, ба ормонҳои волои истиқлолият ва ҳадафҳои наҷиби давлату давлатдории миллӣ мерасем.

Бо ҳамин нияти нек ба ҳамаи шумо саломатӣ, сарбаландӣ ва рӯзгори ободу осуда таманно дорам.

Ташаккур!

facebook
twitter
 
Идома
 
Идома
Идома
Нома ба президент
Мувофиқи талаботи моддаи 21 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муроҷиатҳои шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ» муроҷиатҳое, ки дар онҳо насаб, ном, номи падари шахси воқеӣ, маълумот дар бораи суроғаи маҳалли истиқомат ё номи пурраи шахси ҳуқуқӣ ва суроғаи маҳалли ҷойгиршавии он зикр нашудаанд ё хато нишон дода шудаанд, инчунин бе имзо (имзои электронии рақамӣ) пешниҳод шудаанд, муроҷиатҳои беном дониста шуда, мавриди баррасӣ қарор намегиранд, агар онҳо дорои маълумот оид ба тайёрӣ барои содир кардани ҷиноят ё ҷинояти содиршуда набошанд.
Image CAPTCHA
© Хадамоти матбуоти Президенти Тоҷикистон
Тел/Факс.: (+992 37)2212520