ФАРМОНИ
ПРЕЗИДЕНТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
Дар бораи вазири кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон
таъин намудани Каримзода С.Ғ.
Мутобиқи моддаи 69 Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон фармон медиҳам :
1. Каримзода Саъди Ғафор вазири кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон таъин карда шавад.
2. Фармони мазкур барои тасдиқ ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод карда шавад.
Президенти
Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон
ш. Душанбе
26 январи соли 2022
№322
МАЪЛУМОТНОМА
КАРИМЗОДА Саъди Ғафор
аз 26 январи соли 2022 дар вазифаи Вазири кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон кор мекунад
Соли таваллуд 12 августи соли 1969 Ҷои таваллуд шаҳри Душанбе
Миллат тоҷик Маълумот олӣ
соли 1992 Донишгоҳи кишоварзии Тоҷикистонро хатм кардааст
Ихтисос агрохимия ва хокшинос, номзади илмҳои биологӣ
Кадом забонҳои хориҷиро медонад русӣ, англисӣ
Вакили халқ ҳаст ё не не
Бо мукофотҳои давлатӣ сарфароз гардонида шудааст ё не не
Солҳои 1986-1992 |
Донишҷӯи Донишгоҳи кишоварзии Тоҷикистон, шаҳри Душанбе |
Солҳои 1988-1989 |
Хизмат дар сафи Қувваҳои Мусаллаҳи Иттиҳоди Шӯравӣ |
Солҳои 1992-1995 |
Аспиранти Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон |
Солҳои 1995-1998 |
Ходими хурди илми Институти физиологияи растаниҳо ва генетика |
Солҳои 1998-2007 |
Агрономи ташкилоти ғайридавлатии «Агроаксияи Олмон» (Deutsche Welthungerhilfe e. V.), шаҳри Душанбе |
Солҳои 2007-2011 |
Ҳамоҳангсози барномаҳои Агентии Ҷопон оид ба ҳамкориҳои байналмилалӣ (JICA), шаҳри Душанбе |
Солҳои 2011-2012 |
Мушовири байналмилалии Муассисаи давлатии «Маркази идораи лоиҳа оид ба ҳалли қарзҳои хоҷагиҳои пахтакор ва рушди устувори соҳаи пахтакорӣ», шаҳри Душанбе |
Солҳои 2012-2020 |
Директори Муассисаи давлатии «Маркази идораи лоиҳаи «Рушди чорводорӣ ва чарогоҳҳо» |
Солҳои 2020-2022 |
Муовини якуми Вазири кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон |