Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

ФАРМОНИ
ПРЕЗИДЕНТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

Дар бораи иҷрокунандаи вазифаи раиси шаҳри Гулистони
вилояти Суғд таъин намудани Ҳошимзода Р.



Мутобиқи моддаи 69 Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон фармон медиҳам:
Ҳошимзода Раъно иҷрокунандаи вазифаи раиси шаҳри Гулистони вилояти Суғд таъин карда шавад.

Президенти
Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон

ш. Душанбе
26 январи соли 2022
№323

МАЪЛУМОТНОМА

 

ҲОШИМЗОДА Раъно

аз 26 январи соли 2022 дар вазифаи  иҷрокунандаи вазифаи Раиси шаҳри Гулистони вилояти Суғд кор мекунад

Соли таваллуд  29 октябри соли 1969              Ҷои таваллуд  шаҳри Хуҷанд

Миллат   тоҷик                                                    Маълумот       олӣ

Соли 1991 Донишгоҳи давлатии Тоҷикистонро хатм  кардааст

Ихтисос иқтисодчӣ

Унвони илмӣ  номзади илмҳои иқтисод

Кадом забонҳои хориҷиро медонад  русӣ

Вакили халқ ҳаст ё не вакили Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Хуҷанд

Бо мукофотҳои давлатӣ сарфароз гардонида шудааст ё не -  не

Вазъи  оилави  оиладор

Кор ва фаъолияти  собиқа:

Солҳои  1991-1992

Муаллими кафедраи назарияи иқтисодии Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Б.Ғафуров

Солҳои  1992-2008

Муаллимаи кафедраи фанҳои умумииқтисодии Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Б.Ғафуров

Солҳои 2008-2014

Сармуаллимаи кафедраи муҳосибот ва аудит, ноиб-декани шӯъбаи ғоибонаи Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Б.Ғафуров

Солҳои 2014-2015

Ноибдекани шӯъбаи рӯзонаи факултети молия ва иқтисодиёти бозори Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Б.Ғафуров

Солҳои 2015-2017

Декани факултети молия ва баҳисобгирии бухгалтерии Донишкадаи иқтисод ва савдои Донишгоҳи давлатии тиҷорати Тоҷикистон

Солҳои 2017-2018

Муовини раиси шаҳри Хуҷанд

Солҳои 2018-2022

Раиси шаҳри Бӯстони вилояти Суғд

аз  январи соли
2022 то ҳоло

И.в. Раиси шаҳри Гулистони вилояти Суғд

 

facebook
twitter
 
Идома
 
Идома
Идома
Нома ба президент
Мувофиқи талаботи моддаи 21 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муроҷиатҳои шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ» муроҷиатҳое, ки дар онҳо насаб, ном, номи падари шахси воқеӣ, маълумот дар бораи суроғаи маҳалли истиқомат ё номи пурраи шахси ҳуқуқӣ ва суроғаи маҳалли ҷойгиршавии он зикр нашудаанд ё хато нишон дода шудаанд, инчунин бе имзо (имзои электронии рақамӣ) пешниҳод шудаанд, муроҷиатҳои беном дониста шуда, мавриди баррасӣ қарор намегиранд, агар онҳо дорои маълумот оид ба тайёрӣ барои содир кардани ҷиноят ё ҷинояти содиршуда набошанд.
Image CAPTCHA
© Хадамоти матбуоти Президенти Тоҷикистон
Тел/Факс.: (+992 37)2212520