Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

ФАРМОНИ
ПРЕЗИДЕНТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

Дар бораи Сафири Фавқулодда ва Мухтори
Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Федеративии Германия
таъин намудани Сатторов И.М.



Мутобиқи моддаи 69 Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон фармон медиҳам:

Сатторов Имомуддин Мирзоевич Сафири Фавқулодда ва Мухтори Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Федеративии Германия таъин карда шавад.

Президенти
Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон

ш. Душанбе
27 январи соли 2022
№334

 

 

 

МАЪЛУМОТНОМА

САТТОРОВ  Имомуддин Мирзоевич

аз 27 январи соли 2022 дар вазифаи Сафири Фавқулодда ва Мухтори Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Федеративии Германия кор мекунад

Соли таваллуд   соли 1964                              Ҷои таваллуд ноҳияи Бохтар

Миллат   тоҷик                                               Маълумот     олӣ

    соли 1986  Донишгоҳи давлатии Москва ба номи М.В. Ломоносовро хатм кардааст

Ихтисос      сиёсатшинос, номзади илм 

Кадом забонҳои хориҷиро медонад  русӣ, форсӣ, англисӣ, олмонӣ

 

Кор ва фаъолияти собиқа:

Солҳои 1981-1986

Донишҷӯи факултаи фалсафаи Донишгоҳи давлатии Москва ба номи М.В. Ломоносов

Солҳои 1986-1987

Ассистенти кафедраи сиёсатшиносии Донишгоҳи давлатии Тоҷикистон

Солҳои 1987-1988

Таҷрибаомӯзи кафедраи пажӯҳишгоҳи иҷтимоӣ-сиёсии Донишгоҳи давлатии Москва ба номи М.В. Ломоносов

Солҳои 1988-1991

Аспиранти кафедраи пажӯҳиши иҷтимоӣ ва сиёсии Донишгоҳи давлатии Москва ба номи М.В. Ломоносов

Солҳои 1992-1993

Мудири шӯъбаи ҳафтаномаи «Бизнес Московские Новости»,  шаҳри Москва

Солҳои 1993-1995

Аспиранти Донишгоҳи Бонн, Ҷумҳурии Федеративии Олмон

Солҳои 1995-1999

Атташе, котиби дуюми Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Федеративии Олмон

Солҳои 1999-2003

Котиби якуми Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Федеративии Олмон

Солҳои 2003-2007

Муовини раиси Бонки «Ориёнбонк», Сардори намояндагии Бонки «Ориёнбонк» дар Аврупо шаҳри Франкфурт

06-08 соли 2007

Сардори  Раёсати таҳлил ва татқиқоти стратегии Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон, шаҳри Душанбе

Солҳои 2007-2014

Сафири Фавқулодда ва Мухтори Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Федеративии Германия, ҳамзамон Сафири Фавқулодда ва Мухтори Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Чехия ва Полша

Солҳои 2014-2016

Сафири Фавқулодда ва Мухтори Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Федератсияи Россия

Солҳои 2016-2021

Сафири Фавқулодда ва Мухтори Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Федератсияи Россия ҳамзамон Сафири Фавқулодда ва Мухтори Ҷумҳурии Тоҷикистон  дар Ҷумҳурии Арманистон(29 марти 2016)  

аз январи соли

2022 то имрӯз

Сафири Фавқулодда ва Мухтори Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Федеративии Германия

 

facebook
twitter
 
Идома
 
Идома
Идома
Нома ба президент
Мувофиқи талаботи моддаи 21 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муроҷиатҳои шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ» муроҷиатҳое, ки дар онҳо насаб, ном, номи падари шахси воқеӣ, маълумот дар бораи суроғаи маҳалли истиқомат ё номи пурраи шахси ҳуқуқӣ ва суроғаи маҳалли ҷойгиршавии он зикр нашудаанд ё хато нишон дода шудаанд, инчунин бе имзо (имзои электронии рақамӣ) пешниҳод шудаанд, муроҷиатҳои беном дониста шуда, мавриди баррасӣ қарор намегиранд, агар онҳо дорои маълумот оид ба тайёрӣ барои содир кардани ҷиноят ё ҷинояти содиршуда набошанд.
Image CAPTCHA
© Хадамоти матбуоти Президенти Тоҷикистон
Тел/Факс.: (+992 37)2212520