Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Паёми табрикӣ ба муносибати 12-умин солгарди қабули Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон

04.11.2006 19:00, шаҳри Душанбе

Ҳамватанони азиз!

Шашуми ноябр мо дувоздаҳумин солгарди рӯзи қабули Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистонро, ки яке аз санаҳои муҳимтарини таърихи давлати муосирамон мебошад, ҷашн мегирем. Ба ин муносибат ҳамаи шумо - ҳамватанони гиромиро табрик мегӯям ва орзуманди саломативу сарбаландии ҳар кадоми шумо ҳастам.

Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон бо изҳори иродаи тамоми мардуми кишвар қабул гардид ва он поягузори истиқлолияти давлатии миллати тоҷикон, давлату давлатдории навин, таъминкунандаи асосҳои низоми сиёсиву ҳуқуқии кишвар ва муайянкунандаи самтҳои асосии таҳкиму пешрафти ҷомеа мебошад.

Конститутсия ба сифати қонуни олии давлат принсипҳои муҳимтарини ҳаёти ҷомеаро муайян намуда, муносибатҳои вобаста ба татбиқи ҳокимияти сиёсӣ ва таъмини ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрвандро танзим мекунад.

Қонуни асосии кишварамон рӯи арзишҳои умумипазируфташудаи ҷаҳони мутамаддин устувор буда, дар бахшҳои алоҳидаи худ тартиби татбиқи онҳоро муқаррар намудааст.

Яке аз самтҳои ифодакунандаи ин воқеият дар сатҳи Конститутсия сабт шудани эътирофи санадҳои ҳуқуқии байналмилалӣ, ба сифати қисми таркибии низоми ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад. Ин ҳама дар маҷмӯъ баёнгари амалан пайвастани Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ҷомеаи ҷаҳон аст.

Дар иртибот бо ин арзишҳои умумипазируфташуда мо дар Конститутсияи худ андешаю мафҳумҳои комилан нави конститутсионӣ, аз ҷумла арзишҳои олӣ будани инсон ва ҳуқуқу озодиҳои он, давлати демократӣ, ҳуқуқбунёд, дунявӣ, иҷтимоӣ, таҷзияи ҳокимияти давлатӣ, гуногунандешии сиёсию мафкуравӣ, бисёрҳизбӣ, озодии эътиқод, сухан, матбуот, гуногуншаклии моликият бо эътирофи моликияти хусусӣ, фаъолияти озоди иқтисодӣ ва соҳибкориро сабт намудем.

Дар тӯли солҳои сипаришуда ба мо муяссар гардид, ки ин арзишҳои олиро пайваста татбиқ намуда, роҳҳои минбаъдаи рушду такомули онҳоро муайян созем.
Яке аз дастовардҳои бузургу барҷастаи ин раванд демократикунонии тамоми ҳаёти ҷомеа мебошад, ки аслу ҷавҳари онро арзиши олӣ эътироф шудани инсон ва ҳуқуқу озодиҳои он ташкил медиҳад, ки онҳо бо меъёрҳои эътирофшудаи ҳуқуқи байналхалқӣ, махсусан Эъломияи ҷаҳонии ҳуқуқи башар, Қарордоди байналмилалӣ оид ба ҳуқуқи гражданӣ ва сиёсӣ, Қарордоди байналмилалӣ оид ба ҳуқуқи иқтисодӣ, иҷтимоӣ ва фарҳангӣ ва дигар санадҳои мӯътабари ҳуқуқи байналмилалӣ такя мекунанд.

Конститутсия силсилаи мукаммали ҳуқуқу озодиҳои фардӣ, сиёсӣ, иҷтимоӣ, иқтисодӣ ва фарҳангиро эълон намуда, кафолати амалишавии онҳоро муқаррар кардааст, ки ин ҳама дар маҷмӯъ шароити заруриро барои инкишофи озодии инсон фароҳам меорад.

Эълон намудани Тоҷикистон ба сифати давлати иҷтимоӣ ва масъул сохтани он барои таъмини заминаи зиндагии арзанда ва инкишофи озодонаи иҷтимоии ҳар фарди ҷомеа аз хусусиятҳои башардӯстонаи Конститутсияи мо мебошад.

Созмон додани иқтисоди пешрафта, таҳкиму тақвияти ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ, тандурустӣ, маориф, илм, фарҳанг, эҳёи тамаддуни бостонии мардумамон ва пайвастани он бо арзишҳои умумибашарӣ унсурҳои муҳими давлати иҷтимоӣ мебошанд.

Конститутсияи мо давлату давлатдории навинро асос гузошта тамоми рукнҳои онро масъул сохтааст, ки дар чаҳорчӯбаи муайяншуда фаъолият намоянд. Дар ин замина рушду такомули доимии онҳо бо дарназардошти шароити иқтисодиву иҷтимоӣ, сиёсию фарҳангӣ, таърихиву анъанавӣ ва миллии кишварамон аз вазифаҳои муқаддаси мо мебошанд.

Қобили ифтихор аст, ки имрӯз давлати Тоҷикистон ба сифати созмони сиёсии муташаккил ва қудратманд қодир аст тамоми самтҳои фаъолияти худро, ки Конститутсия муайян намудааст иҷро намояд.

Аз он ҷое, ки Конститутсия қонуни олии давлат эътироф шудааст ва муносибатҳои муҳимтарини ҳаёти ҷомеаро танзим мекунад, аз ин рӯ риоя ва татбиқи он вазифаи муқаддаси тамоми рукнҳои ҳокимияти давлатӣ ва шаҳрвандон аст.

Дар воқеъ ҷомеае, ки волоияти Конститутсия, қонунҳо ва тартибу низомро ба сифати омили муайянкунандаи ҳаёташ мепазирад, дар он пешрафту тараққиёт таъмин мегардад. Бунёди чунин ҷомеа маҳз бо ҷидду ҷаҳд, кӯшишу талошҳои инсони озод ва созанда алоқаманд мебошад.

Бинобар ин Конститутсия ба сифати санади муқаддас, ки имрӯз аз ҷониби аъзои ҷомеа мавриди дарку ҳазм ва омӯзиши ҳамаҷониба қарор гирифтааст, минбаъд ҳам ин раванд бояд идома ёбад.

Конститутсия, ки дар асл шоҳсутун ва шиносномаи давлат, санади тақдирсоз ва таъйинкунандаи сарнавишти миллати мо мебошад, барои ноил шуданамон ба ҳадафҳои бунёдкорию созандагии дар назди мо қарор дошта, ки мақсади ниҳоии онҳо эъмори давлати демократӣ, ҳуқуқбунёд, дунявӣ ва иҷтимоӣ мебошад, мусоидат мекунад.

Бори дигар ҳамаи шумо - ҳамватанони азизро ба муносибати дувоздаҳумин солгарди Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки ибтидои давлату давлатдории навини мо мебошад, табрик гуфта, ба ҳар хонадон сулҳу оромӣ, хушбахтӣ ва ободӣ орзу менамоям.

facebook
twitter
 
Идома
 
Идома
Идома
Нома ба президент
Мувофиқи талаботи моддаи 21 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муроҷиатҳои шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ» муроҷиатҳое, ки дар онҳо насаб, ном, номи падари шахси воқеӣ, маълумот дар бораи суроғаи маҳалли истиқомат ё номи пурраи шахси ҳуқуқӣ ва суроғаи маҳалли ҷойгиршавии он зикр нашудаанд ё хато нишон дода шудаанд, инчунин бе имзо (имзои электронии рақамӣ) пешниҳод шудаанд, муроҷиатҳои беном дониста шуда, мавриди баррасӣ қарор намегиранд, агар онҳо дорои маълумот оид ба тайёрӣ барои содир кардани ҷиноят ё ҷинояти содиршуда набошанд.
Image CAPTCHA
© Хадамоти матбуоти Президенти Тоҷикистон
Тел/Факс.: (+992 37)2212520