Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба унвони Президенти Ҷумҳурии Италия Ҷорҷио Наполитиано барқияи ҳамдардӣ фиристод, ки дар он, аз ҷумла, гуфта мешавад:
«Хабари рух додани зилзилаи сахт дар вилояти Абрутцо, ки дар натиҷаи он харобиҳои зиёд ба амал омада, теъдоди зиёди одамон ҳалок гардидаанд, сокинони Тоҷикистонро сахт андӯҳгин намуд.
Дар ин лаҳзаҳои пур аз ғаму андӯҳ аз номи ҳукумат ва халқи Ҷумҳурии Тоҷикистон аз Шумо хоҳишмандам, ҳамдардии самимонаи моро ба аҳли оила ва хешу таборони шахсони ҳалокшуда расонида, ба ҳамаи маҷрӯҳшудагон изҳори тасаллият намоед».