Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Суҳбати телефонӣ бо Президенти Ҷумҳурии Узбекистон Шавкат Мирзиёев

04.05.2022 16:40, шаҳри Душанбе

Имрӯз суҳбати телефонии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо Президенти Ҷумҳурии Узбекистон муҳтарам Шавкат Мирзиёев доир гардид.

Дар оғози суҳбат роҳбарони ду давлат ба муносибати фарорасии иди мубораки Фитр бо таманниёти сулҳу некӯаҳволӣ ва шукуфоӣ ба мардумони Тоҷикистон ва Узбекистон мубодилаи табрикоти самимӣ намуданд.

Муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва муҳтарам Шавкат Мирзиёев ҳолати кунунӣ ва дурнамои муносибатҳои ҳусни ҳамҷаворӣ, дӯстӣ ва шарикии стратегии Тоҷикистону Узбекистонро дар арсаҳои мухталифи ҳамкорӣ, аз ҷумла тиҷоративу иқтисодӣ, гуманитариву фарҳангӣ ва дигар соҳаҳои мавриди таваҷҷуҳи тарафайн баррасӣ карданд. Бо изҳори қаноатмандӣ ҷараёни рушди ҳамаҷонибаи онҳо таъкид гардида, ҷиҳати боз ҳам ғанӣ гардонидани ҳамкориҳои дуҷониба бо муҳтавои нави амалӣ мутобиқ ба мувофиқаҳои қаблан дар сатҳи олӣ ҳосилшуда изҳори итминон карда шуд.

Дар ин зимн Президенти Ҷумҳурии Узбекистон аз Сарвари давлати мо ҷиҳати анҷом додани сафари расмӣ ба кишвари ҳамсоя дар фурсати муносиб даъват ба амал овард. Замони мушаххаси ин сафар бо роҳҳои дипломатӣ ҳамоҳанг карда мешавад.

Дар идомаи суҳбат роҳбарони Тоҷикистон ва Узбекистон ҳамчунин масъалаҳои алоҳидаи мубрами дорои аҳаммияти байналмилалӣ ва минтақавӣ, минҷумла вазъи амниятӣ дар Осиёи Марказиро мавриди муҳокима қарор доданд.

Суҳбат дар фазои барои муносибатҳои Тоҷикистон ва Узбекистон ба таври анъанавӣ хоси ҳамдигарфаҳмӣ, эҳтиром ва эътимоди мутақобила доир гардид.

 

facebook
twitter
Хабарҳо
Ҳамаи хабарҳо
 
Идома
 
Идома
Идома
Нома ба президент
Мувофиқи талаботи моддаи 21 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муроҷиатҳои шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ» муроҷиатҳое, ки дар онҳо насаб, ном, номи падари шахси воқеӣ, маълумот дар бораи суроғаи маҳалли истиқомат ё номи пурраи шахси ҳуқуқӣ ва суроғаи маҳалли ҷойгиршавии он зикр нашудаанд ё хато нишон дода шудаанд, инчунин бе имзо (имзои электронии рақамӣ) пешниҳод шудаанд, муроҷиатҳои беном дониста шуда, мавриди баррасӣ қарор намегиранд, агар онҳо дорои маълумот оид ба тайёрӣ барои содир кардани ҷиноят ё ҷинояти содиршуда набошанд.
Image CAPTCHA
Харита
© Хадамоти матбуоти Президенти Тоҷикистон
Тел/Факс.: (+992 37)2212520