Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Барқияи изҳори тасаллӣ ба Ноиби Президент, Сарвазири Давлати Амороти Муттаҳидаи Араб ва Ҳокими Дубай Шайх Муҳаммад ибни Рошид Оли Мактум

13.05.2022 23:01, шаҳри Душанбе

Имрӯз Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Ноиби Президент, Сарвазири Давлати Амороти Муттаҳидаи Араб ва Ҳокими Дубай Шайх Муҳаммад ибни Рошид Оли Мактум барқияи изҳори тасаллӣ ирсол намуданд, ки дар он омадааст:

“Волоҳазрат,

Хабари даргузашти Президенти Амороти Муттаҳидаи Араб ва Амири Абу-Забӣ аълоҳазрат Шайх Халифа ибни Зоид Оли Наҳён, Худованд биёмурзадашон, боиси андӯҳи бепоёни мо гардид.

Шайх Халифа ибни Зоид Оли Наҳён ба сифати ходими намоёни давлатӣ дар рушду нумуи Амороти Муттаҳидаи Араб нақши намоён гузошта, ҳамчун сиёсатмадор дар арсаи байналмилалӣ обруву эътибори шоиста касб намуда буд. 

Мо ба талошҳои пайвастаи марҳум дар раванди таҳкиму тавсеаи муносибатҳои нек ва ҳамкориҳои гуногунҷанбаи Тоҷикистону Аморот арҷ ва ба шахсияти ӯ эҳтироми беандоза мегузорем.  

Бинобар ин мусибати бузург ба Шумо ва ба тамоми мардуми бародари Амороти Муттаҳидаи Араб ҳамдардиву таъзияи амиқ ва тасаллиёти худро сидқан иброз намуда, аз даргоҳи Худованди мутаол барои марҳум раҳмату мағфират ва ба ҳамаи пайвандону наздиконатон сабру шикебоӣ хоҳонам.

Инна лиллаҳи ва инна илайҳи раҷиъун”.

 

 

facebook
twitter
 
Идома
 
Идома
Идома
Нома ба президент
Мувофиқи талаботи моддаи 21 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муроҷиатҳои шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ» муроҷиатҳое, ки дар онҳо насаб, ном, номи падари шахси воқеӣ, маълумот дар бораи суроғаи маҳалли истиқомат ё номи пурраи шахси ҳуқуқӣ ва суроғаи маҳалли ҷойгиршавии он зикр нашудаанд ё хато нишон дода шудаанд, инчунин бе имзо (имзои электронии рақамӣ) пешниҳод шудаанд, муроҷиатҳои беном дониста шуда, мавриди баррасӣ қарор намегиранд, агар онҳо дорои маълумот оид ба тайёрӣ барои содир кардани ҷиноят ё ҷинояти содиршуда набошанд.
Image CAPTCHA
© Хадамоти матбуоти Президенти Тоҷикистон
Тел/Факс.: (+992 37)2212520