Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Мулоқот бо Раиси Ситоди кулли Неруҳои мусаллаҳи Ҷумҳурии Исломии Эрон Муҳаммад Боқирӣ

17.05.2022 18:30, шаҳри Душанбе
Мулоқот бо Раиси Ситоди кулли Неруҳои мусаллаҳи Ҷумҳурии Исломии Эрон Муҳаммад Боқирӣ  17.05.2022

17 май дар Қасри миллат Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Раиси Ситоди кулли Неруҳои мусаллаҳи Ҷумҳурии Исломии Эрон Муҳаммад Боқириро ба ҳузур пазируфтанд.

Зимни мулоқот доираи васеи масъалаҳои равобити Тоҷикистону Эрон, бахусус дар соҳаҳои амниятӣ ва низомии техникӣ мавриди баррасӣ қарор дода шуд.

Ҷонибҳо зарурати таҳкими ҳамкориҳоро дар мубориза бар зидди таҳдиду хатарҳои муосир, ба монанди терроризм, ифротгароӣ, гардиши ғайриқонунии маводи мухаддир ва дигар зуҳуроти ҷинояткории муташаккили фаромиллӣ таъкид намуданд.

facebook
twitter
 
Идома
 
Идома
Идома
Нома ба президент
Мувофиқи талаботи моддаи 21 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муроҷиатҳои шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ» муроҷиатҳое, ки дар онҳо насаб, ном, номи падари шахси воқеӣ, маълумот дар бораи суроғаи маҳалли истиқомат ё номи пурраи шахси ҳуқуқӣ ва суроғаи маҳалли ҷойгиршавии он зикр нашудаанд ё хато нишон дода шудаанд, инчунин бе имзо (имзои электронии рақамӣ) пешниҳод шудаанд, муроҷиатҳои беном дониста шуда, мавриди баррасӣ қарор намегиранд, агар онҳо дорои маълумот оид ба тайёрӣ барои содир кардани ҷиноят ё ҷинояти содиршуда набошанд.
Image CAPTCHA
Харита
© Хадамоти матбуоти Президенти Тоҷикистон
Тел/Факс.: (+992 37)2212520