Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Тасаллияти Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба аҳли оила ва наздикони Нависандаи халқии Тоҷикистон Меҳмон Бахтӣ

20.05.2022 10:55, шаҳри Душанбе

Имрӯз, 20-уми майи соли 2022 Нависандаи халқии Тоҷикистон, дорандаи ҷоизаи давлатии ба номи Абӯабдуллоҳи Рӯдакӣ Меҳмон Бахтӣ дар синни 81-солагӣ аз олам даргузашт.

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба аҳли оила ва наздикону пайвандони марҳум изҳори тасаллият намуданд, ки дар он, аз ҷумла омадааст:

«Меҳмон Бахтӣ дар рушди адабиёт ва драматургияи муосири тоҷик хизматҳои шоистаро ба анҷом расонида, солҳои зиёд ба ҳайси Раиси Иттифоқи нависандагон, узви Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, вакили Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, муовини Раиси Ҳаракати ваҳдати миллӣ ва эҳёи Тоҷикистон кору фаъолият дошт.

Осори эҷодкардаи Меҳмон Бахтӣ дар байни мардуми Тоҷикистон маҳбубияти хос дорад.

Ӯ дар тарбияи наслҳои ҷавони адибони тоҷик саҳми арзишманд гузоштааст.

Номи нек ва асарҳои ватандӯстонаву инсонпарваронаи Меҳмон Бахтӣ дар хотираи мардум абадӣ хоҳанд монд».

facebook
twitter
 
Идома
 
Идома
Идома
Нома ба президент
Мувофиқи талаботи моддаи 21 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муроҷиатҳои шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ» муроҷиатҳое, ки дар онҳо насаб, ном, номи падари шахси воқеӣ, маълумот дар бораи суроғаи маҳалли истиқомат ё номи пурраи шахси ҳуқуқӣ ва суроғаи маҳалли ҷойгиршавии он зикр нашудаанд ё хато нишон дода шудаанд, инчунин бе имзо (имзои электронии рақамӣ) пешниҳод шудаанд, муроҷиатҳои беном дониста шуда, мавриди баррасӣ қарор намегиранд, агар онҳо дорои маълумот оид ба тайёрӣ барои содир кардани ҷиноят ё ҷинояти содиршуда набошанд.
Image CAPTCHA
© Хадамоти матбуоти Президенти Тоҷикистон
Тел/Факс.: (+992 37)2212520