Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Мулоқот бо Раҳбари Инқилоби Ҷумҳурии Исломии Эрон Оятуллоҳ Сайид Алӣ Хоманайӣ

30.05.2022 18:44, Эрон
Мулоқот бо Раҳбари Инқилоби Ҷумҳурии Исломии Эрон Оятуллоҳ Сайид Алӣ Хоманайӣ  30.05.2022

30 май Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар доираи сафари расмӣ дар Ҷумҳурии Исломии Эрон бо Раҳбари Инқилоби Ҷумҳурии Исломии Эрон Оятуллоҳ Сайид Алӣ Хоманайӣ мулоқот карданд.

Дар мулоқот масоили ҳамкории дуҷонибаи Тоҷикистону Эрон мавриди баррасӣ қарор дода шуд.

Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон нахуст барои пазироии самимӣ изҳори сипос карда, баён доштанд, ки мо алоқаманди идомаи муколамаи созандаи сиёсии сатҳи олӣ ҳастем.

Таъкид шуд, ки Тоҷикистон ҳамеша ҷонибдори тавсеаи рӯзафзуни робитаҳои гуногунарсаи ду кишвар дар руҳияи ҳусни тафоҳум, ҳамёрӣ, эҳтиром ва эътимоди байниҳамдигарӣ мебошад.

Ҷонибҳо зимни мулоқот масъалаҳои ҳамкории ду кишвар дар соҳаҳои сиёсӣ, иқтисодиву тиҷоратӣ, фарҳангиву башарӣ, амниятӣ ва дигар арсаҳои мавриди манфиати тарафайнро муҳокима карданд.

Зимни баррасии масоили амниятӣ масъалаҳои таҳкими ҳамкории кишварҳо дар мубориза бар зидди терроризм, ифротгароӣ, қочоқи силоҳ ва маводи мухаддир, ҷиноятҳои муташаккили фаромиллӣ ва вазъи Афғонистон муҳокима гардид.

Ҷонибҳо аз ҳамкориҳои судманди ду кишвар дар ҷаҳорчуби созмонҳои минтақавӣ ва байналмилалӣ изҳори қаноатмандӣ карданд. Ҳимояти Тоҷикистон аз узвияти комили Ҷумҳурии Исломии Эрон дар Созмони ҳамкории Шанхай далели боризи робитаҳои судманди дуҷонибаи ду кишвар дар арсаи байналмилалӣ арзёбӣ гардид.

Дар мулоқот ҳамчунин оид ба дигар масъалаҳои мавриди таваҷҷуҳи ҷонибҳо гуфтугӯи судманд сурат гирифт.

facebook
twitter
 
Идома
 
Идома
Идома
Нома ба президент
Мувофиқи талаботи моддаи 21 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муроҷиатҳои шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ» муроҷиатҳое, ки дар онҳо насаб, ном, номи падари шахси воқеӣ, маълумот дар бораи суроғаи маҳалли истиқомат ё номи пурраи шахси ҳуқуқӣ ва суроғаи маҳалли ҷойгиршавии он зикр нашудаанд ё хато нишон дода шудаанд, инчунин бе имзо (имзои электронии рақамӣ) пешниҳод шудаанд, муроҷиатҳои беном дониста шуда, мавриди баррасӣ қарор намегиранд, агар онҳо дорои маълумот оид ба тайёрӣ барои содир кардани ҷиноят ё ҷинояти содиршуда набошанд.
Image CAPTCHA
© Хадамоти матбуоти Президенти Тоҷикистон
Тел/Факс.: (+992 37)2212520