Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Гулчанбаргузорӣ дар назди Муҷассамаи “Истиқлолият”-и Ҷумҳурии Узбекистон

02.06.2022 15:24, Узбекистон
Гулчанбаргузорӣ дар назди Муҷассамаи “Истиқлолият”-и Ҷумҳурии Узбекистон   02.06.2022

2 июн дар доираи сафари расмӣ Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон нахуст бо нишони эҳтиром ба таъриху фарҳанги мардуми узбек дар боғи “Узбекистон нав” назди Муҷассамаи “Истиқлолият” гулчанбар гузоштанд.

Дар маросими гулчанбаргузорӣ Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро Сарвазири Ҷумҳурии Узбекистон Абдулло Орипов ва Раиси шаҳри Тошканд Ҷаҳонгир Ортикхоҷаев ҳамроҳӣ карданд.

Баъди анҷоми маросими гулчанбаргузорӣ Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз Боғи “Узбекистони нав” боздид ба амал оварданд.

Ба Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон иттилоъ доданд, ки боғи “Узбекистони нав” ба муносибати 30 - солагии истиқлолияти давлатии Узбекистон бунёд шудааст.

Дар маҷмааи “Истиқлол” тавассути бунёди иншооти муосир дастовардҳои мардуми дӯсту бародари узбек давоми 30-соли соҳибистиқлолии кишвар, таърихи рушду густариш ва пешрафту тараққиёти давлати миллии Узбекистон таҷассум ёфтааст.

Майдони умумии боғ 105 гектарро ташкил дода, дар он гулу дарахтони ороишӣ шинонида шудааст.

Фаввораҳо, роҳравҳои зебо, муҷтамеи “Истиқлол” ва дарахтони нодир аз ороишоти асосии боғи “Узбекистони нав” мебошад.

Баъди шиносоӣ бо ин макони дилфиреб Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Ҷумҳурии Узбекистон рушду шукуфоӣ ва ба мардуми дӯсти узбек комёбиҳои беназир орзу карданд.

facebook
twitter
Хабарҳо
Ҳамаи хабарҳо
 
Идома
 
Идома
Идома
Нома ба президент
Мувофиқи талаботи моддаи 21 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муроҷиатҳои шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ» муроҷиатҳое, ки дар онҳо насаб, ном, номи падари шахси воқеӣ, маълумот дар бораи суроғаи маҳалли истиқомат ё номи пурраи шахси ҳуқуқӣ ва суроғаи маҳалли ҷойгиршавии он зикр нашудаанд ё хато нишон дода шудаанд, инчунин бе имзо (имзои электронии рақамӣ) пешниҳод шудаанд, муроҷиатҳои беном дониста шуда, мавриди баррасӣ қарор намегиранд, агар онҳо дорои маълумот оид ба тайёрӣ барои содир кардани ҷиноят ё ҷинояти содиршуда набошанд.
Image CAPTCHA
© Хадамоти матбуоти Президенти Тоҷикистон
Тел/Факс.: (+992 37)2212520