Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Маросими маҷозии оғози амалӣ гардонии лоиҳаи муштараки бунёди 2 неругоҳи барқи обӣ дар ҳавзаи дарёи Зарафшон дар қаламрави Ҷумҳурии Тоҷикистон

02.06.2022 18:41, Узбекистон
Маросими маҷозии оғози амалӣ гардонии лоиҳаи муштараки бунёди 2 неругоҳи барқи обӣ дар ҳавзаи дарёи Зарафшон дар қаламрави Ҷумҳурии Тоҷикистон   02.06.2022

2 июн Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар доираи сафари расмӣ дар толори Қасри Президенти Ҷумҳурии Узбекистон бо Роҳбари кишвари дӯст Шавкат Мирзиёев ба таври маҷозӣ бо пахши тугмаи рамзӣ барои оғози татбиқи лоиҳаи муштарак байни Тоҷикистон ва Узбекистон доир ба сохтмони неругоҳҳои барқи обӣ дар ҳавзаи дарёи Зарафшон асос гузоштанд.

Бояд гуфт, ки мутахассисони ҳар ду ҷониб барои бунёди неругоҳҳо бо иқтидори умумии 320 МВт марҳилаҳои асосноккунии техникӣ-иқтисодии лоиҳа ва дигар корҳоро ба анҷом мерасонанд.

Дар оғози маросими маҷозии татбиқи лоиҳаи муштарак байни Тоҷикистон ва Узбекистон доир ба бунёди неругоҳҳои барқи обӣ дар ҳавзаи дарёи Зарафшон, роҳбарияти олии ду кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва муҳтарам Шавкат Мирзиёев дар толори Қасри Президенти Узбекистон ва дар маҳали сохтмони неругоҳ – деҳаи Ёвони ноҳияи Айни Ҷумҳурии Тоҷикистон бошад, роҳбарияти вазорату идораҳои марбута, мутахассисон ва муҳандисони соҳаи энергетикаи ду кишвар иштирок карданд.

Оғози татбиқи корҳои ҷустуҷӯи-асосноккунии техникӣ як қадами устувор дар роҳи таъмиқи ҳамкориҳои ду кишвар дар ин бахши ояндадор хоҳад буд.

Сарони давлатҳо муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва муҳтарам Шавкат Мирзиёев ба бунёдкорони ин тарҳи барои мардумони ҳар ду кишвар манфиатбор барору комёбӣ орзу карданд.

facebook
twitter
Хабарҳо
Ҳамаи хабарҳо
 
Идома
 
Идома
Идома
Нома ба президент
Мувофиқи талаботи моддаи 21 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муроҷиатҳои шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ» муроҷиатҳое, ки дар онҳо насаб, ном, номи падари шахси воқеӣ, маълумот дар бораи суроғаи маҳалли истиқомат ё номи пурраи шахси ҳуқуқӣ ва суроғаи маҳалли ҷойгиршавии он зикр нашудаанд ё хато нишон дода шудаанд, инчунин бе имзо (имзои электронии рақамӣ) пешниҳод шудаанд, муроҷиатҳои беном дониста шуда, мавриди баррасӣ қарор намегиранд, агар онҳо дорои маълумот оид ба тайёрӣ барои содир кардани ҷиноят ё ҷинояти содиршуда набошанд.
Image CAPTCHA
© Хадамоти матбуоти Президенти Тоҷикистон
Тел/Факс.: (+992 37)2212520