Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Ба истифода додани бинои Маркази адлия дар шаҳри Гулистон

12.08.2022 07:45, шаҳри Гулистон
Ба истифода додани бинои Маркази адлия дар шаҳри Гулистон   12.08.2022

12 август Асосгузори сулху вахдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Гулистони вилояти Суғд бинои нави Маркази адлияро мавриди баҳрабардорӣ қарор доданд.

Иншооти нави Маркази адлия дар шаҳри Гулистон бо дастгирии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва маблағгузории вазорати адлия ва сохторхои он бунёд карда шуд. Корҳои сохтмонию бинокории бинои маркази адлия дар шаҳри Гулистонро ҶДММ «Чашма»-и шаҳри Панҷакент бо сифати хуб ба иҷро расонидааст.

Иншоот аз ду ошёна бо таҳхона иборат буда, дар ошёнаи якум равзанаи ягона, китобхона бо гирд овардани китобҳои нависандагони маъруфи тоҷик ва дастурҳои соҳавӣ, утоқи кории кормандону мутахассисони Бахши сабти асноди ҳолати шаҳрвандӣ дар шаҳри Гулистон, дар ошёнаи дуюм ҳуҷраҳои кории натариусони давлатӣ ва толори ақди никоҳ ҷой дода шудааст.

Зимни шиносоӣ бо имкониятҳои фароҳамовардашудаи кору фаъолият ва хизматрасониҳо ба шаҳрвандон Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба сифати корҳои бинокориву сохтмонӣ баҳои хуб дода, таъкид намуданд, ки кормандону мутахассисони мақомоти адлия дар самти татбиқи босамари стратегияву барномаҳои давлатӣ, хизматрасониҳои саривақтиву босифат ба ахолӣ, баланд бардоштани маърифати ҳукукии шаҳрвандон ва тарғибу ташвиқи одобу маърифати оиладори саҳмгузор бошанд.

facebook
twitter
 
Идома
 
Идома
Идома
Нома ба президент
Мувофиқи талаботи моддаи 21 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муроҷиатҳои шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ» муроҷиатҳое, ки дар онҳо насаб, ном, номи падари шахси воқеӣ, маълумот дар бораи суроғаи маҳалли истиқомат ё номи пурраи шахси ҳуқуқӣ ва суроғаи маҳалли ҷойгиршавии он зикр нашудаанд ё хато нишон дода шудаанд, инчунин бе имзо (имзои электронии рақамӣ) пешниҳод шудаанд, муроҷиатҳои беном дониста шуда, мавриди баррасӣ қарор намегиранд, агар онҳо дорои маълумот оид ба тайёрӣ барои содир кардани ҷиноят ё ҷинояти содиршуда набошанд.
Image CAPTCHA
© Хадамоти матбуоти Президенти Тоҷикистон
Тел/Факс.: (+992 37)2212520