Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Таъиноти кадрӣ

17.08.2022 15:10, шаҳри Душанбе
Таъиноти кадрӣ  17.08.2022

17 август Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон кадрҳоеро, ки ба вазифаҳои пурмасъули Вазорати корҳои дохилӣ таъин гардиданд, ба ҳузур пазируфтанд.

Бо қарорҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дар мувофиқа бо Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муовинони Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон, сардорони раёсатҳои Вазорати корҳои дохилӣ, Сардори Раёсати Бозрасии давлатии автомобилии Вазорати корҳои дохилӣ, сардорони шуъбаҳои корҳои дохилии ноҳияҳои Восеъ, Сангвор, Мурғоб ва Варзоб аз ҳисоби кадрҳои соҳибтаҷрибаву тахассусманд таъин гардиданд. 

Зимни мулоқот Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз авзои минтақа ва ҷаҳон, таъмини волоияти қонун, мубориза бар зидди ҳамагуна қонуншиканиҳо, пешгирии қочоқи маводи мухаддир, силоҳ ва дигар ҷиноятҳои фаромиллӣ ёдовар шуда, таъкид намуданд, ки кадрҳои ҷавону болаёқат вобаста ба таҳдиду хатар, ҷиноятҳои замони муосир ва мубориза бо ҳамагуна зуҳуроти террористиву экстремистӣ пайваста омӯзанд ва бо истифода аз технологияи муосир сатҳи донишҳои тахассусии худро боз ҳам баланд бардоранд.

facebook
twitter
Хабарҳо
Ҳамаи хабарҳо
 
Идома
 
Идома
Идома
Нома ба президент
Мувофиқи талаботи моддаи 21 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муроҷиатҳои шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ» муроҷиатҳое, ки дар онҳо насаб, ном, номи падари шахси воқеӣ, маълумот дар бораи суроғаи маҳалли истиқомат ё номи пурраи шахси ҳуқуқӣ ва суроғаи маҳалли ҷойгиршавии он зикр нашудаанд ё хато нишон дода шудаанд, инчунин бе имзо (имзои электронии рақамӣ) пешниҳод шудаанд, муроҷиатҳои беном дониста шуда, мавриди баррасӣ қарор намегиранд, агар онҳо дорои маълумот оид ба тайёрӣ барои содир кардани ҷиноят ё ҷинояти содиршуда набошанд.
Image CAPTCHA
© Хадамоти матбуоти Президенти Тоҷикистон
Тел/Факс.: (+992 37)2212520