Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Идомаи сафари корӣ дар Ҷумҳурии Узбекистон

15.09.2022 22:00, Узбекистон
Идомаи сафари корӣ дар Ҷумҳурии Узбекистон   15.09.2022

15 сентябр Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ҳошияи ҷаласаи Шӯрои сарони давлатҳои аъзои Созмони ҳамкории Шанхай дар шаҳри Самарқанди Ҷумҳурии Узбекистон дар маросими ниҳолшинонӣ иштирок карда, аз Маҷмааи фарҳангию этнографии “Шаҳри абадӣ” боздид ба амал оварданд.

Нахуст Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо Сарони давлатҳои аъзо ва нозири Созмони ҳамкории Шанхай дар ҳудуди “Конгресс - холл” бо умеди рушду шукуфоии кишвари дӯсту ҳамсояи Узбекистон ва саодатмандии ҳар чи бештари мардуми бародари узбек ниҳоли дӯстӣ шинониданд.

Сипас, Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо ҳамроҳии роҳбари кишвари мизбон муҳтарам Шавкат Мирзиёев ва сарони давлатҳои аъзо ва нозири Созмони ҳамкории Шанхай ба Маҷмааи фарҳангию этнографии “Шаҳри абадӣ” ташриф оварда, зимни боздид бо имкониятҳои сайёҳии он шинос шуданд.

Дар “Шаҳри абадӣ” маҷмааи сайёҳии “Роҳи бузурги абрешим” ташкил гардида, он аз маркази байналмилалии “Конгресс” бо 3500 ҷой, 8 меҳмонхона, парки таърихию этнографии “Шаҳри абадӣ”, кул ва дарахтони гуногун иборат аст.

Иттилоъ дода шуд, ки Маҷмааи фарҳангию этнографии “Шаҳри абадӣ” дар масоҳати 120 гектар доман паҳн карда, соли 2022 ба ифтихори баргузории ҷаласаи Шӯрои сарони давлатҳои аъзои Созмони ҳамкории Шанхай ифтитоҳ гардидааст.

Маҷмааи таърихию этнографии “Шаҳри абадӣ” як намунаи шаҳри бостонии Самарқанди Узбекистон мебошад.

Сайёҳон дар ин ҷо имкон доранд, ки зимни тамошои кӯчаҳо бо таъриху фарҳанг ва маданияти мардуми шаҳри қадима шинос шаванд.

Аз ҷониби ҳунармандони театр дар маҷмаа барномаҳои рангини консертӣ ва намоишномаҳо пешкаш карда мешавад.

Маҷмаа ҳамчунин муаррифгари ҳунарҳои мардумӣ ва таомҳои миллии минтақаҳои гуногуни Узбекистон буда, меҳмонон имкон доранд аз маҳсули дасти ҳунармандон барои хотира харидорӣ намоянд.

facebook
twitter
 
Идома
 
Идома
Идома
Нома ба президент
Мувофиқи талаботи моддаи 21 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муроҷиатҳои шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ» муроҷиатҳое, ки дар онҳо насаб, ном, номи падари шахси воқеӣ, маълумот дар бораи суроғаи маҳалли истиқомат ё номи пурраи шахси ҳуқуқӣ ва суроғаи маҳалли ҷойгиршавии он зикр нашудаанд ё хато нишон дода шудаанд, инчунин бе имзо (имзои электронии рақамӣ) пешниҳод шудаанд, муроҷиатҳои беном дониста шуда, мавриди баррасӣ қарор намегиранд, агар онҳо дорои маълумот оид ба тайёрӣ барои содир кардани ҷиноят ё ҷинояти содиршуда набошанд.
Image CAPTCHA
Харита
© Хадамоти матбуоти Президенти Тоҷикистон
Тел/Факс.: (+992 37)2212520