Дар ҳошияи конфронси байналмилалии мазкур Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон як қатор мулоқотҳои судаманди дуҷониба анҷом дод.
Зимни мулоқоти Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо Амири Давлати Қатар шайх Ҳамад ибни Халифа оли Сонӣ, масоили татбиқи амалии санадҳои ҳамкории байни ду кишвар имзошуда баррасӣ гардид.
Ба андешаи Эмомалӣ Раҳмон «пояҳои ҳуқуқии лозима барои густариши муносибатҳои дуҷонибаи дарозмӯҳлати шарикӣ» байни Тоҷикистону Қатар гузошта шудаанд».
Сарони ду давлат тасмим гирифтанд, ки баҳри рушди пайвастаи ҳамкориҳои гуногунҷанба дар мӯҳлатҳои наздик сафоратҳои худро дар кишварҳои ҳамдигар ифтитоҳ намоянд.
Кушодани хатти мустақими ҳавоии байни ду кишвар, бо сармоягузории ҷониби қатарӣ дар шаҳри Душанбе бунёд намудани як масҷиди бузург ва мактаби замонавӣ, биноҳои истиқоматӣ, таъсис додани корхонаҳои муштараки коркарди асал, меваю сабзавот ва гӯшту шир барои содирот ба Давлати Қатар аз самтҳои афзали ҳамкориҳои иқтисодии ду кишвар таъкид гардиданд.