Дар мулоқот бо Дабири кулли Созмони Милали Муттаҳид Пан Ги Мун масоили татбиқи ҳамоҳангсозии кӯмаки беруна ба Тоҷикистон, пешгирӣ аз паҳншавии бемориҳои сироятии СПИД, сил, вараҷа ва ғайра, таҳкими ҳифзи сарҳадоти давлатӣ ва мубориза бо қочоқи маводи мухаддир дар Осиёи Марказӣ баррасӣ шуд.
Сарвари давлати Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон таваҷҷӯҳи Пан Ги Мунро ба масоили вобаста ба азхудкунии захираҳои обию энергетикии Осиёи Марказӣ ҷалб намуда, аз ӯ, аз ҷумла даъват намуд, ки соли 2010 дар шаҳри Душанбе дар Конфронси байналмилалии ҷамъбасти натиҷаҳои панҷсолаи татбиқи «Даҳсолаи амалиёти об барои ҳаёт» иштирок намояд.
Эмомалӣ Раҳмон бори дигар омодагии Тоҷикистонро баҳри дар ҳудуди худ ҷойгир намудани Маркази ЭСКАТО ва ЕЭК – Созмони Милали Муттаҳид таъкид намуд.
Масоили таҳкиму густариши ҳамкорӣ ва ҳамгироиҳо дар чаҳорчӯби Созмони Милали Муттаҳид ҳамчунин миёни Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ва Муовини дабири кулли ин созмон оид ба масоили гуманитарӣ Ша Тсузукан баррасӣ шуд.