Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Ифтитоҳи коргоҳи истеҳсоли микросемент дар назди ҶСП “Заводи таҷрибавии механикӣ” - и шаҳри Норак

24.10.2022 10:48, шаҳри Норак
Ифтитоҳи коргоҳи истеҳсоли микросемент дар назди ҶСП “Заводи таҷрибавии механикӣ” - и шаҳри Норак  24.10.2022

24 октябр Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Норак коргоҳи истеҳсоли микросементро, ки дар назди ҶСП “Заводи таҷрибавии механикӣ” сохта шудааст, мавриди баҳрабардорӣ қарор доданд.

Коргоҳи истеҳсолӣ аз ҷониби соҳибкори ватанӣ, роҳбари ҶСП “Заводи таҷрибавии механикӣ”-и шаҳри Норак Хуҷамурод Азимов сохта шудааст ва корҳои сохтмонӣ моҳи феврали соли 2022 оғоз ёфта, масоҳати иншоот 9 ҳазору 877 метри мураббаъро дар бар мегирад.

Иқтидори истеҳсолии коргоҳ дар як рӯз 45 тонна ва дар як сол 160 ҳазор тонна микросементро ташкил медиҳад.

Коргарон сокинони маҳаллӣ мебошанд, ки маоши онҳо аз 2000 то 2500 сомониро ташкил медиҳад. Дар корҳои сохтмонӣ ва васлгарии коргоҳ 70 нафар бинокор ва кормандони муҳандисию техникӣ иштирок намудаанд, ки бо маоши хуб таъмин буданд.

Хати технологии коргоҳи нави истеҳсоли микросемент аз Ҷумҳурии Мардумии Чин дастрас гардида, тавассути он тавлиди маҳсулоти рақобатпазир ва ҷавобгӯи замони муосир ба роҳ монда шудааст.

Баъди ба истифода супоридани коргоҳи нав зиёда аз 36 сокини маҳаллӣ бо ҷойи кори доимӣ таъмин гардида, шумораи коргарону мутахассисон дар Ҷамъияти саҳомии пушидаи “Заводи таҷрибавии механикӣ” ба зиёда аз 1500 нафар баробар гардид.

Коргоҳ дорои озмоишгоҳи махсус мебошад, ки дар он мутахассисон тариқи таҷҳизоти ҳозиразамон сифати маҳсулотро дақиқ муайян менамоянд.

Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба фаъолияти коргоҳ ва маҳсулоти истеҳсолии он, ки бо дастгоҳи муосири рақамии компютерӣ муҷаҳҳаз гардонида шудааст, шинос шуда, ба масъулон ҷиҳати нигоҳ доштани сифатнокии маҳсулот дастуру ҳидоятҳо доданд.

facebook
twitter
 
Идома
 
Идома
Идома
Нома ба президент
Мувофиқи талаботи моддаи 21 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муроҷиатҳои шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ» муроҷиатҳое, ки дар онҳо насаб, ном, номи падари шахси воқеӣ, маълумот дар бораи суроғаи маҳалли истиқомат ё номи пурраи шахси ҳуқуқӣ ва суроғаи маҳалли ҷойгиршавии он зикр нашудаанд ё хато нишон дода шудаанд, инчунин бе имзо (имзои электронии рақамӣ) пешниҳод шудаанд, муроҷиатҳои беном дониста шуда, мавриди баррасӣ қарор намегиранд, агар онҳо дорои маълумот оид ба тайёрӣ барои содир кардани ҷиноят ё ҷинояти содиршуда набошанд.
Image CAPTCHA
© Хадамоти матбуоти Президенти Тоҷикистон
Тел/Факс.: (+992 37)2212520