Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Ифтитоҳи бинои Раёсати Агентии суғуртаи иҷтимоӣ ва нафақаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ноҳияи Қубодиён

01.11.2022 08:42, ноҳияи Қубодиён
Ифтитоҳи бинои Раёсати Агентии суғуртаи иҷтимоӣ ва нафақаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ноҳияи Қубодиён  01.11.2022

1  ноябр Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бинои Раёсати Агентии иҷтимоӣ ва нафақаи назди Ҳукумати Ҷумҳуриии Тоҷикистонро дар ноҳияи Қубодиён ба истифода доданд.

Бинои мазкур дар деҳоти ба номи Носири Хусрав, дар масоҳати 0,12 садяк замин аз тарафи Агентии суғуртаи иҷтимоӣ ва нафақаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон сохта шудааст.

Бино аз 2 ошёна иборат буда, дар ошёнаҳои якуму дуюм китобхона, бойгонӣ, ҳуҷраи кории мутахассиси бахши баҳисобгирии инфиродӣ, кор бо соҳибкорони инфиродӣ, равзанаи ягона, 6 ҳуҷраи корӣ ва толори маҷлис ҷойгир мебошад.

 Ҳуҷраҳои кории Раёсати Агентии суғуртаи иҷтимоӣ ва нафақаи назди Ҳукумати  Ҷумҳуриии Тоҷикистон дар ноҳия пурра бо таҷҳизоти корӣ, аз ҷумла мизу курсӣ, техникаи компютерӣ, чопӣ ва дигар лавозимот таъмин карда шудааст.

Аснои шиносоӣ Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз шароити муҳайёгардида, дар бинои мазкур изҳори қаноатмандӣ намуда, масъулинро барои боз ҳам беҳтар ба роҳ мондани фаъолияту хизматрасонӣ ҳидоят намуданд.

facebook
twitter
Хабарҳо
Ҳамаи хабарҳо
 
Идома
 
Идома
Идома
Нома ба президент
Мувофиқи талаботи моддаи 21 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муроҷиатҳои шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ» муроҷиатҳое, ки дар онҳо насаб, ном, номи падари шахси воқеӣ, маълумот дар бораи суроғаи маҳалли истиқомат ё номи пурраи шахси ҳуқуқӣ ва суроғаи маҳалли ҷойгиршавии он зикр нашудаанд ё хато нишон дода шудаанд, инчунин бе имзо (имзои электронии рақамӣ) пешниҳод шудаанд, муроҷиатҳои беном дониста шуда, мавриди баррасӣ қарор намегиранд, агар онҳо дорои маълумот оид ба тайёрӣ барои содир кардани ҷиноят ё ҷинояти содиршуда набошанд.
Image CAPTCHA
© Хадамоти матбуоти Президенти Тоҷикистон
Тел/Факс.: (+992 37)2212520