Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Сафари корӣ ба Ҷумҳурии Қирғизистон

11.10.2008 00:00, Қирғизистон

Рӯзҳои 9-ум ва 10-уми октябр Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон баҳри иштирок дар ҷаласаҳои навбатии Шӯрои сарони кишварҳои аъзои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил, Шӯрои байнидавлатии Ҷомеаи иқтисодии Евразия ва мулоқоти ғайрирасмии сарони давлатҳои Осиёи Марказӣ дар шаҳри Бишкеки Ҷумҳурии Қирғизистон қарор дошт.

Дар ҷаласаи навбатии Шӯрои сарони кишварҳои аъзои ИДМ сарони давлатҳои Тоҷикистон, Арманистон, Беларус, Қазоқистон, Қирғизистон, Молдова, Россия, Туркманистон, Узбекистон ва намояндагони воломақоми Озарбойҷону Украина иштирок намуданд.

Дар ин ҳамоиш 19 масъала баррасӣ шуд, ки муҳимтарини онҳо Стратегияи рушди иқтисодии Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил барои давраи то соли 2020 аст.

Татбиқи Консепсияи рушди минбаъдаи Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил, ки соли гузашта дар шаҳри Душанбе қабул шуда буд, густариши ҳамкорӣ дар соҳаҳои нақлиёт, энергетика, муҳоҷирати меҳнатӣ, робитаҳои байниминтақавӣ ва наздисарҳадӣ, амнияти иттилоотӣ, мубориза бо гардиши ғайриқонунии маводи мухаддир, робитаҳои илмию фарҳангӣ ва омодагӣ ба ҷашни 65-солагии Ғалаба дар Ҷанги Бузурги Ватании солҳои 1941-1945 низ аз мавзӯъҳои муҳими ин ҳамоиш буд.

Ҳамкорӣ дар соҳаи энергетика мавзӯъи асосии муносибатҳои кишварҳои аъзои ИДМ дар соли 2009 эълон гардид.

Соли 2009 ҳамчунин Соли ҷавонон ва соли 2010 Соли илм ва инноватсия эълон карда шуд.

Нимаи дуюми рӯз ҷаласаи навбатии Шӯрои байнидавлатии Ҷомеаи иқтисодии Евразия баргузор гашт, ки таҳти раёсати раиси Шӯро – Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ҷараён гирифт.

Мавзӯъи асосии ҷаласа баррасии масоили ташкили Иттиҳоди гумрукӣ ва Фазои ягонаи иқтисодӣ буд.

Масоили истифодаи самарабахши захираҳои обию энергетикӣ ва ташкил додани бозори ягонаи энергетикӣ аз мавзӯъҳои муҳими ҳамоиш буд.

Аз натиҷаҳои ҳамоиш ба хабарнигорон Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон, Президенти Ҷумҳурии Қирғизистон Қурмонбек Боқиев ва Дабири кулли созмон Таир Мансуров иттилоъ доданд.

Таъкид гардид, ки дар соли раёсати Ҷумҳурии Тоҷикистон баҳри татбиқи амалии санадҳои қаблан қабулшуда корҳои назаррас ба сомон расид.
Бегоҳии рӯзи 10-уми октябр сарони давлатҳои Осиёи Марказӣ, Тоҷикистон - Эмомалӣ Раҳмон, Қазоқистон - Нурсултон Назарбоев, Қирғизистон - Қурмонбек Боқиев, Туркманистон- Гурбонгулӣ Бердимуҳамедов ва Узбекистон Ислом Каримов мулоқоти ғайрирасмӣ анҷом дода, масоили ҳалталаби обию энергетикии минтақаро баррасӣ намуданд.

Зимни гуфтушунидҳо сарони давлатҳо оид ба идораи захираҳои обӣ дар фаслҳои гуногуни сол баҳри истеҳсоли нерӯи барқ дар кишварҳои болооб ва ирригатсия дар кишварҳои поёноб ба мувофиқа расиданд.

Байни сарони давлатҳои Тоҷикистону Узбекистон - Эмомалӣ Раҳмон ва Ислом Каримов оид ба интиқоли нерӯи барқ аз Туркманистон ба Тоҷикистон аз қаламрави Узбекистон мувофиқат ҳосил шуд.

Дар ҳошияи ҳамоишҳои мазкур Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ҳамчунин бо Президенти Федератсияи Россия Дмитрий Медведев мулоқоти судманд анҷом дод.

Дар вохӯрӣ масоили вобаста ба татбиқи амалии санадҳое, ки зимни сафари расмии Президенти Федератсияи Россия Дмитрий Медведев ба Тоҷикистон моҳи августи соли равон ба имзо расида буданд, баррасӣ шуд.

Ҷонибҳо бори дигар омодагӣ ва ҳавасмандии худро баҳри таҳкиму густариш додани ҳамкории бисёрсоҳа, аз ҷумла дар соҳаҳои гидроэнергетика, истихроҷи нафту газ дар Тоҷикистон, амнияту мудофиа ва илму маориф таъкид намуданд.

Шоми рӯзи 10 октябр Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон баъди анҷоми сафари пурмаҳсул аз шаҳри Бишкеки Ҷумҳурии Қирғизистон ба Ватан омад.

facebook
twitter
Хабарҳо
Ҳамаи хабарҳо
 
Идома
 
Идома
Идома
Нома ба президент
Мувофиқи талаботи моддаи 21 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муроҷиатҳои шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ» муроҷиатҳое, ки дар онҳо насаб, ном, номи падари шахси воқеӣ, маълумот дар бораи суроғаи маҳалли истиқомат ё номи пурраи шахси ҳуқуқӣ ва суроғаи маҳалли ҷойгиршавии он зикр нашудаанд ё хато нишон дода шудаанд, инчунин бе имзо (имзои электронии рақамӣ) пешниҳод шудаанд, муроҷиатҳои беном дониста шуда, мавриди баррасӣ қарор намегиранд, агар онҳо дорои маълумот оид ба тайёрӣ барои содир кардани ҷиноят ё ҷинояти содиршуда набошанд.
Image CAPTCHA
© Хадамоти матбуоти Президенти Тоҷикистон
Тел/Факс.: (+992 37)2212520