Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Суҳбати телефонӣ бо Президенти Ҷумҳурии Қазоқистон Қосим–Жомарт Токаев

07.01.2023 10:30, шаҳри Душанбе

Имрӯз суҳбати телефонии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо Президенти Ҷумҳурии Қазоқистон муҳтарам Қосим–Жомарт Токаев баргузор гардид.

Дар оғоз сарони ду давлат ба муносибати 30-солагии истиқрори муносибатҳои дипломатӣ миёни Тоҷикистон ва Қазоқистон ҳамдигарро табрик гуфтанд.

Президентҳо бо изҳори қаноатмандӣ сатҳи баланди муносибатҳои дуҷонибаро, ки бар пояи анъанаҳои неки дӯстӣ, эҳтиром ва эътимоди байниҳамдигарӣ асос ёфтаанд, таъкид карданд.

Ҷонибҳо тамоюли рушди афзояндаи шарикии стратегии Тоҷикистону Қазоқистонро дар соҳаҳои сиёсӣ, тиҷоративу иқтисодӣ ва фарҳангиву гуманитарӣ, ҳамчунин ҳамкории зичи ҷонибҳоро дар арсаи амниятӣ ва дар чорчӯби созмонҳои байналмилалӣ баланд арзёбӣ намуданд.

Мавриди зикр аст, ки Қазоқистон яке аз шарикони асосии тиҷоратии Тоҷикистон маҳсуб меёбад. Ҳиссаи он дар тиҷорати хориҷии кишвари мо аз рӯи натиҷаҳои 11 моҳи соли сипаришуда 19,6 фоизро ташкил медиҳад.

 Дар ин замина роҳбарони Тоҷикистон ва Қазоқистон роҳҳои тавсеаи минбаъдаи робитаҳои гуногунҷанбаи ду кишварро, пеш аз ҳама тавассути ғанӣ гардонидани ҳамкории амалӣ бо мазмуну мӯҳтавои мушаххас, мавриди баррасӣ қарор доданд.

 Дар ҷараёни сӯҳбат мубодилаи афкори судманд атрофи масъалаҳои мубрами рӯзномаи байналмилалӣ ва минтақавӣ анҷом ёфт.

facebook
twitter
 
Идома
 
Идома
Идома
Нома ба президент
Мувофиқи талаботи моддаи 21 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муроҷиатҳои шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ» муроҷиатҳое, ки дар онҳо насаб, ном, номи падари шахси воқеӣ, маълумот дар бораи суроғаи маҳалли истиқомат ё номи пурраи шахси ҳуқуқӣ ва суроғаи маҳалли ҷойгиршавии он зикр нашудаанд ё хато нишон дода шудаанд, инчунин бе имзо (имзои электронии рақамӣ) пешниҳод шудаанд, муроҷиатҳои беном дониста шуда, мавриди баррасӣ қарор намегиранд, агар онҳо дорои маълумот оид ба тайёрӣ барои содир кардани ҷиноят ё ҷинояти содиршуда набошанд.
Image CAPTCHA
© Хадамоти матбуоти Президенти Тоҷикистон
Тел/Факс.: (+992 37)2212520