Дар вохӯрӣ бо Муовини Котиби давлатии Иёлоти Муттаҳидаи Амрико Вилям Бернс ҳолати имрӯза ва дурнамои муносибатҳои Тоҷикистону Амрико баррасӣ шуд.
Ҷонибҳо аз сатҳ ва мазмуни ҳамкориҳои ду кишвар, аз ҷумла ҳамгироиҳои сохторҳои қудратӣ ва мақомоти ҳифзи ҳуқуқ дар соҳаи амният изҳори қаноатмандӣ карда, зарурати густариш додани робитаҳои иқтисодию тиҷоратиро ба миён гузоштанд.
Зимни сӯҳбат атрофи рушди ҳамкорӣ дар соҳаи энергетика, нақлиёт ва коммуникатсия, ташкили бозори минтақавии нерӯи барқ ва робитаҳо бо муассисаҳои байналмилалии молиявӣ гуфтугӯ сурат гирифт.
Мусоҳибон ҳамчунин атрофи авзои кунунии Афғонистон ва дурнамои он ва дигар масоили мавриди таваҷҷӯҳ мубодилаи афкор намуданд.