Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Мулоқот бо донишҷӯёни тоҷики дар Иёлоти Муттаҳидаи Амрико таҳсилкунанда ва дигар ҳамватанони муқими ин кишвар

28.09.2008 00:40, Иёлоти Муттаҳидаи Амрико

Бо истифода аз фурсати мусоид Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ҳамчунин бо донишҷӯёни тоҷики дар Иёлоти Муттаҳидаи Амрико таҳсилкунанда ва дигар ҳамватанони муқими ин кишвар мулоқот орост.

Бояд таъкид намуд, ки мулоқоту сӯҳбатҳо бо ҳамватанони бурунмарзӣ ба як анъанаи накӯ ва ҳамешагии сафарҳои хориҷии Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон табдил ёфтааст ва ин вохӯрӣ бори дигар пайравии устувори ӯро ба ин кори самарабахш собит намуд.

Дар вохӯрӣ наздики сесад нафар ҳамватанони мо, ки дар Амрико кору зиндагӣ мекунанд, иштирок доштанд. Шумораи зиёди онҳоро донишҷӯён ташкил доданд, ки ба ин кишвар баҳри гирифтани таҳсилоти олӣ аз рӯйи касбу ҳунарҳои муосири барои рушди имрӯзу фардои Тоҷикистон зарурӣ омадаанд.

Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон онҳоро бо нақшаю барномаҳои стратегии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон баҳри рушди иҷтимоиёту иқтисодиёти кишвар, фарҳанг, илму маърифат ва дигар соҳаҳои ҳаёти ҷомеа шинос намуда, барояшон маслиҳатҳои муфид дод. Аз ҷумла донишандӯзиро рисолати имрӯзаи донишҷӯён арзёбӣ карда, таъкид намуд, ки ба омӯзиши амиқи илмҳои замона муносибати ҷиддӣ дошта бошанд.

Байни Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ва ҳамватанони муқими Амрико як маҳфили озоду ошкорои саволу ҷавоб сурат гирифт, ки дар он беш аз ҳама донишҷӯён, соҳибкори ҷавон Эраҷ Бобоев, корманди як ташкилоти байналмилалии молиявӣ Эркин Мустафоқулов ва дигарон хеле фаъол буданд.

Ин мулоқот ва сӯҳбатҳои озоду ошкоро бо Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон боиси ифтихору сарфарозии донишҷӯён гашт ва онҳо қавл доданд, ки баҳри омӯзиш ва азбаркунии илмҳои замона ҷаҳду талош мекунанд.

Тайи сафари панҷрӯзаи худ ба шаҳри Ню-Йорки Иёлоти Муттаҳидаи Амрико Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар зиёда аз 20 чорабиниҳои васеъ ва мулоқотҳои дуҷониба иштирок намуда, баҳри таҳкиму густариши ҳамкориҳои минбаъдаи кишварамон бо давлатҳои гуногун ва созмонҳои зиёди минтақавию байналмилалӣ, пеш аз ҳама бо Созмони Милали Муттаҳид ва ҳамчунин баҳри боз ҳам баланд бардоштани нуфузу эътибори сиёсии Тоҷикистон дар ҷаҳон қадамҳои устувор гузошт.

facebook
twitter
 
Идома
 
Идома
Идома
Нома ба президент
Мувофиқи талаботи моддаи 21 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муроҷиатҳои шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ» муроҷиатҳое, ки дар онҳо насаб, ном, номи падари шахси воқеӣ, маълумот дар бораи суроғаи маҳалли истиқомат ё номи пурраи шахси ҳуқуқӣ ва суроғаи маҳалли ҷойгиршавии он зикр нашудаанд ё хато нишон дода шудаанд, инчунин бе имзо (имзои электронии рақамӣ) пешниҳод шудаанд, муроҷиатҳои беном дониста шуда, мавриди баррасӣ қарор намегиранд, агар онҳо дорои маълумот оид ба тайёрӣ барои содир кардани ҷиноят ё ҷинояти содиршуда набошанд.
Image CAPTCHA
© Хадамоти матбуоти Президенти Тоҷикистон
Тел/Факс.: (+992 37)2212520