Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Суханронӣ дар чорабинии канории корӣ “Об моро муттаҳид месозад”

22.03.2023 07:58, Иёлоти Муттаҳидаи Амрико

Аълоҳазрат Вилям Александр, Шоҳи Нидерланд,
Хонумҳо ва ҷанобон,

Ҳамаи шуморо ба чорабинии имрӯзаи мо зери унвони “Об моро муттаҳид месозад” хайрамақдам мегӯям.

Имрӯз масъалаи муттаҳидсозии ҷомеаи ҷаҳонӣ барои ҳалли масъалаҳои марбут ба об аҳаммияти дучанд касб кардааст.

Об ҳамчун манбаи асосии ҳаёт бо таъсири тағйирёбии  иқлим, афзоиши босуръати аҳолӣ, васеъшавии шаҳрҳо ва дигар омилҳои ба он таъсиррасон зери фишори амиқ қарор дорад.

Барои тағйир додани ин тамоюл андешидани тадбирҳои таъхирнопазир дар ҳамаи сатҳҳо зарур мебошад.

Дар акси ҳол, саломатии мову шумо, пойдории муҳити зист, дастрасӣ ба ғизои солим, манбаъҳои табиӣ ва дар ниҳояти кор, расидан ба ҳадафҳои рушди устувор зери хатар боқӣ мемонад.

Маҳз ба ҳамин хотир, кишвари мо тайи ду даҳсолаи охир масъалаҳои марбут ба об ва иқлимро бомаром пеш бурда, дар рӯзномаи ҷаҳонии рушд нақши муассир бозида истодааст.

Дар ин давра бо ташаббуси Тоҷикистон Маҷмаи Умумии Созмони Милали Муттаҳид доир ба ин мавзӯъ нӯҳ  қатънома қабул кард, ки ҳадафи онҳо ба муттаҳидсозии ҷомеаи ҷаҳонӣ ҷиҳати ҳалли мушкилоти мавҷудаи вобаста ба об ва суръат бахшидан ба амалҳо дар ин ҷода нигаронида шудааст.

Ҳозирини муҳтарам,

Об дар воқеъ нерӯи созанда дорад.

Ҳамкорӣ дар соҳаи об тайи даҳсолаҳои охир боиси он гардид, ки кишварҳои аз лиҳози ҷуғрофӣ, рушди иқтисодӣ ва фарҳангу забон гуногун ҷиҳати татбиқи ҳадафҳои марбут ба об кӯшишҳои муштарак ба харҷ диҳанд.

Тоҷикистон ва Подшоҳии Нидерланд дар як муддати нисбатан кӯтоҳ барои пешбурди масъалаҳои вобаста ба обу иқлим корҳои зиёдеро анҷом доданд.

Иштироки фаъоли ду кишвар дар Панели сатҳи баланд оид ба об, Эътилофи обу иқлим ва Раванди оби Душанбе дар баробари дигар платформаҳои ҷаҳонӣ гувоҳи ин гуфтаҳо мебошад.

Имрӯз мо мизбонии ҳамоиши бузурги таърихӣ – Конфронси Созмони Милали Муттаҳид оид ба шарҳи фарогири миёнамуҳлати ҳадафҳои Даҳсолаи байналмилалии амал “Об барои рушди устувор, солҳои 2018-2028”-ро ба уҳда дорем.

Мо ин шарикиро ҳамчун намунаи ҳамкориву ҳамдилӣ, хусусан миёни кишварҳои мутараққӣ ва рӯ ба тараққӣ, болооб ва поёноб арзёбӣ мекунем.

Мехоҳам бо истифода аз фурсат ба Аълоҳазрат Вилям Александр ва Ҳукумати Подшоҳии Нидерланд барои ҳамкории судманд дар ин раванд изҳори миннатдорӣ намоям.

Ҳозирини гиромӣ,

Фардо Конфронс ба кори худ шурӯъ мекунад.

Интизориҳои ҷомеаи ҷаҳонӣ аз ин чорабинӣ зиёданд.

Албатта, бо баргузор гардидани Конфронси оби Созмони Милали Муттаҳид мушкилоти мо дар ин самт якбора аз байн нахоҳанд рафт.  

Дар баробари ин, эътимоди комил дорам, ки ҷомеаи ҷаҳонӣ дар пешбурди мавзӯи ҷаҳонии об тавассути ҳамкорӣ ва дастгирии ҳамдигар бо истифода аз механизмҳои мавҷуда ҷиҳати ҳалли мушкилоти об дар ҳама кишварҳо талошҳои муштарак ба харҷ хоҳад дод. 

Ҳамчунин, бовар дорам, ки бо ибрози иродаи қавии сиёсӣ, қабули уҳдадориҳо ва роҳандозии амалҳои муассир аз ҷониби ҳамаи мо, яъне кишварҳои узв  ва низоми Созмони Милали Муттаҳид, ниҳодҳои молиявӣ, созмонҳои байналмилалӣ ва ҳама тарафҳои манфиатдор барои татбиқи Рӯзномаи амал дар соҳаи об  метавонем ба ҳадафҳои аслии  конфронс ноил гардем.

Итминони комил дорам, ки ҳамаи мо бо истифода аз ин фурсат, бо такя ба нерӯи муттаҳидкунандаи об, барои дастёбӣ ба натиҷаҳои муассири ин ҳамоиши таърихӣ саҳми муносиби худро мегузорем.

Аз таваҷҷуҳатон сипосгузорам!

facebook
twitter
Хабарҳо
Ҳамаи хабарҳо
 
Идома
 
Идома
Идома
Нома ба президент
Мувофиқи талаботи моддаи 21 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муроҷиатҳои шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ» муроҷиатҳое, ки дар онҳо насаб, ном, номи падари шахси воқеӣ, маълумот дар бораи суроғаи маҳалли истиқомат ё номи пурраи шахси ҳуқуқӣ ва суроғаи маҳалли ҷойгиршавии он зикр нашудаанд ё хато нишон дода шудаанд, инчунин бе имзо (имзои электронии рақамӣ) пешниҳод шудаанд, муроҷиатҳои беном дониста шуда, мавриди баррасӣ қарор намегиранд, агар онҳо дорои маълумот оид ба тайёрӣ барои содир кардани ҷиноят ё ҷинояти содиршуда набошанд.
Image CAPTCHA
© Хадамоти матбуоти Президенти Тоҷикистон
Тел/Факс.: (+992 37)2212520