Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Барқияи шодбошӣ ба Президенти Ҷумҳурии Узбекистон Шавкат Мирзиёев

01.05.2023 20:00, шаҳри Душанбе

Имрӯз Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Президенти Ҷумҳурии Узбекистон муҳтарам Шавкат Мирзиёев барқияи шодбошӣ ирсол намуданд, ки дар он гуфта мешавад:

«Муҳтарам Шавкат Миромонович,

Аз номи мардуми Тоҷикистон ва шахсан аз номи худам Шумо ва тамоми мардуми бародари Узбекистонро ба муносибати баргузории бомуваффақияти раъйпурсии умимумихалқӣ оид ба ворид намудани тағйирот ба Конститутсияи Ҷумҳурии Узбекистон табрик менамоям.   

Натиҷаҳои раъйпурсӣ бори дигар боварии баланд ва дастгирии мустаҳками мардуми Узбекистонро аз роҳи стратегии Шумо, ки ба рушди минбаъдаи иҷтимоиву иқтисодии ҷомеа ва таҳкими давлатдорӣ дар кишвар нигаронда шудааст, тасдиқ мекунад.

Бо истифода аз фурсат ҷонибдории устувори Тоҷикистонро аз таъмиқу тавсеаи ҳамаҷонибаи муносибатҳои ҳусни ҳамҷавории Тоҷикистону Узбекистон дар рӯҳияи шарикии стратегӣ ва ҳамкории ҳампаймонӣ таъкид менамоям.

 Ба Шумо, Шавкат Миромоновичи азиз, сидқан сиҳатмандии комил ва дар фаъолияти давлатиатон комёбиҳои навин, ба мардуми бародари Узбекистон сулҳу некӯаҳволӣ ва пешрафти босубот орзумандам».

facebook
twitter
Хабарҳо
Ҳамаи хабарҳо
 
Идома
 
Идома
Идома
Нома ба президент
Мувофиқи талаботи моддаи 21 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муроҷиатҳои шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ» муроҷиатҳое, ки дар онҳо насаб, ном, номи падари шахси воқеӣ, маълумот дар бораи суроғаи маҳалли истиқомат ё номи пурраи шахси ҳуқуқӣ ва суроғаи маҳалли ҷойгиршавии он зикр нашудаанд ё хато нишон дода шудаанд, инчунин бе имзо (имзои электронии рақамӣ) пешниҳод шудаанд, муроҷиатҳои беном дониста шуда, мавриди баррасӣ қарор намегиранд, агар онҳо дорои маълумот оид ба тайёрӣ барои содир кардани ҷиноят ё ҷинояти содиршуда набошанд.
Image CAPTCHA
© Хадамоти матбуоти Президенти Тоҷикистон
Тел/Факс.: (+992 37)2212520