Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Сафари корӣ ба шаҳри Хоруғ

20.07.2008 17:00, шаҳри Хоруғ

Бегоҳии рӯзи 19 июл Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон ба шаҳри Хорӯғ омада, дар маросими тантанавии ифтитоҳи варзишгоҳи марказии он иштирок намуд.

Хотиррасон бояд кард, ки варзишгоҳи марказии шаҳри Хоруғ дар зарфи як соли охир бо харҷи 3 миллиону 400 ҳазор сомонӣ, ки бо супориши Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҳисоби буҷети ҷумҳуриявӣ ҷудо гашта буд, лоиҳакашӣ ва аз нав сохта шуд. Хурсандии мардуми шаҳри Хоруғ ва атрофи онро аз ин тӯҳфаи пурарзиши Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ҳадду канор набуд. Ба дидори Сарвару раҳнамои Тоҷикистон гирд омадани беш аз 7 ҳазор аҳолии шаҳру ноҳияҳо ва деҳоти дурдусти вилоят басо ҷолибу диданӣ ва хотирмон буд.

Зимни суханронии худ дар варзишгоҳ Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон бори дигар асри XXI-ро асри Бадахшон ва шоҳроҳҳои байналмилалии онро дарвозаи тиллоии Тоҷикистон номид ва изҳори боварӣ кард, ки бо дастгирӣ ва азму иродаи устувори мардум тадбирҳои имрӯзаю ояндаи бунёдкорию созандагӣ баҳри таъмини зиндагии арзанда бо нерӯи дучанд идома меёбанд.

Намоиши театрикунонидашуда ва консерти саршор аз меҳру муҳаббат, ватандӯстию ватанпарастӣ, ки аз ҷониби ҳунармандони касбию ҳаваскори шаҳру ноҳияҳои вилоят пешкаш гардид, ки ба як тантанаи олии сулҳу осоиш ва ваҳдату ягонагии миллӣ табдил ёфт.

Дар доираи сафари кории худ ба ВМКБ Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо як гурӯҳ намояндагони аҳли ҷамоатчигии шаҳри Хорӯғ, аз ҷумла нафароне, ки чанде пеш ба Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо арзу шикоят муроҷиат карда буданд, мулоқот намуд, ки дар он ҳамчунин роҳбарияти мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ва сохторҳои қудратии дар шаҳри Хорӯғ ҷойгирбуда ва шахсиятҳои обрӯманди ин диёр иштирок доштанд.

Дар вохӯрӣ нахуст ахбороти роҳбари гурӯҳи кории ҳукуматӣ оид ба омӯзиши вазъи иҷтимоию сиёсии шаҳри Хорӯғ - Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон Маҳмадназар Солеҳов шунида шуд.

Зикр гардид, ки имрӯз оид ба масъалаҳои ҳалталаб қарорҳои дахлдор қабул гашта, вазъият пурра зери назорат қарор гирифтааст.

Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон ба роҳбарони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ва сохторҳои қудратии дар ҳудуди ВМКБ фаъолияткунанда таъкид дошт, ки пеш аз ҳама худашон дар таъмини волоияти қонун намунаи ибрат бошанд ва онро аз дигарон низ талаб кунанд.

Нафароне, ки бо арзу шикоят ба Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон муроҷиат карда буданд, дар назди Сарвари давлат изҳор доштанд, ки ба халқу Ватани худ ҳаргиз хиёнат намекунанд ва сулҳу ваҳдат ва оромии Тоҷикистонро ҳамеша азизу гиромӣ медоранд.Субҳи рӯзи 20-уми июл Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон зери пояи Литсей - интернати президентӣ барои хонандагони болаёқат дар Хоруғ санги асос ва нома ба наслҳои ояндаро гузошта, ба сохтмони ин мактаби муосир оғози расмӣ бахшид.

Зимни шиносоӣ бо лоиҳа зикр гардид, ки литсей-интернати президентӣ барои 640 хонандаи болаёқат дар зарфи 1,5 соли оянда бо харҷи 8 млн сомонӣ маблағҳои буҷети ҷумҳурӣ сохта, ба истифода дода мешавад.

Дар вақти сохтмони литсей 150 нафар ва баъди ба кор даромаданаш 130 нафар дар ин ҷо бо кор таъмин мегарданд.

Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон ба сохтмончиён дастур дод, ки корро бо сифати баланд ба роҳ монда, аз рафти кори он ҳар моҳ ҳисобот пешниҳод намоянд.

Дар маҳаллаи Хорӯғи боло Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон бо кори Маркази касбӣ-техникии мактаби маълумоти касбии давомноки Донишгоҳи Осиёи Марказӣ шинос шуд.

Зимни шиносоӣ маълум шуд, ки дар ин ҷо низ мутахассисони касбҳои гуногун пеш аз ҳама сохтмончиён дар курсҳои кӯтоҳмуддат омода карда мешаванд. Ин мактабро дар як сол то 110 нафар хонанда хатм мекунанд.

Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон аз норасоии сохтмончиён дар шаҳри Хорӯғ ва дигар ноҳияҳои вилоят изҳори нигаронӣ карда, таъкид дошт, ки авҷи имрӯзаю ояндаи бунёдкорию созандагӣ дар Бадахшон мутахассисони зиёди ин соҳаро талаб мекунад ва ин мактаб метавонад дар омода кардани онҳо саҳми намоён дошта бошад.

Таъкид гардид, ки моҳи сентябри соли равон сохтмони биноҳои худи Донишгоҳи Осиёи Марказӣ низ оғоз меёбад, ки дар бунёди он қариб 500 нафар сохтмончиёни баландихтисос заруранд.

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дастур дод, ки дар шаҳри Хорӯғ ҳамчунин барои сохтмони корхонаҳои хишти пӯхта ва хиштҳои сементӣ чораҳо андешида шаванд.

Дар шаҳри Хорӯғ бо иштироки Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бинои нави сеошёнаи Маркази савдо бо масоҳати 711 метри мураббаъ ба истифода дода шуд. Зикр гардид, ки дар ин ҷо барои 46 нафар ҷойҳои корӣ муҳайё намудааст.

Зимни шиносоӣ маълум шуд, ки маркази савдо аз 16 дӯкони фурӯши маводи ғизоӣ, либос, пойафзол, доруворӣ ва бозичаҳои кӯдакона иборат аст. Дар як дӯкони он маҳсулоти гӯшту шир ба фурӯш бароварда шудааст, ки дар сехҳои саноатии соҳибкорони маҳаллӣ истеҳсол мешаванд.

Дар толори калони мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ВМКБ Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо фаъолони вилоят ва шаҳру ноҳияҳои он оид ба ҷамъбасти натиҷаҳои фаъолияти шашмоҳаи хоҷагии халқ ва муайян намудани вазифаҳои оянда машварати корӣ доир намуд, ки дар он ҳамчунин аъзои зиёди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва роҳбарони идораю муассиса ва ташкилотҳои дахлдори ҷумҳуриявӣ иштирок намуданд.
Матни пурраи суханронии Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон дар вохӯрӣ бо фаъолони вилоят дар сайти Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шабакаи ҷаҳонии Интернет «president.tj» ҷойгир шудааст.

Дар охир Сарвари давлат аз кӯмаку дастгириҳои Ҳукумати Ҷумҳрии Тоҷикистон ба ВМКБ ёдовар шуда, иттилоъ дод, ки дар ин рӯзҳо ба онҳо 32 автобуси мусофирбар, 32 мошинҳои ёрии таъҷилӣ, 200 компютер, 40 трактори МТЗ-80 бо плугҳояш аз ҳисоби фонди ҷамъиятии Хайрияи Тоҷикистон тӯҳфа карда шуд.

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ҳамчунин мужда расонд, ки аз ҳисоби Буҷети ҷумҳуриявӣ ва Фонди захиравии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон барои рушди минбаъдаи вилоят дар нимсолаи дуюми соли равон 25 миллион сомонӣ маблағҳои иловагӣ ҷудо карда мешаванд. Ҳаҷми маблағҳои иловагӣ дар зарфи 1,5 соли оянда ба 40 миллион сомонӣ мерасад.

Ба роҳбарони тамоми вазорату идораҳо ва ташкилоту муассисаҳои ҷумҳуриявӣ супориш дода шуд, ки биноҳои сохторҳои маҳаллии худро дар шаҳру ноҳияҳои вилоят аз нав сохта, ба ин васила дар ободонии онҳо саҳми худро гузоранд.

Ба Раиси Кумитаи телевизион ва радиои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Асадулло Раҳмонов дастур дода шуд, ки бинои телевизиони ВМКБ-ро пурра аз нав сохта, онро бо техникаю таҷҳизоти муосири телевизионӣ ва нақлиёти нав таъмин намояд.

Роҳбарияти КВД «Ширкати алюминийи тоҷик» вазифадор гардид, ки дар мавзеи Гармчашмаи ноҳияи Ишкошим барои ҷалби бештари сайёҳон ва табобатгирандагон як меҳмонхонаи калони замонавӣ бунёд намояд.

Тибқи супоришҳои Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон бояд роҳҳои дохилии шаҳри Хорӯғ ва байни маркази вилояту дигар шаҳру ноҳияҳои ВМКБ тармиму таҷдид карда шаванд.

Таваҷҷӯҳи хосса ва ғамхории доимии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон баҳри ҳаллу фасли мушкилоти ВМКБ мавриди шукргузорӣ ва қадрдонии мардуми вилоят қарор мегирад, зеро ба андешаи онҳо дар зарфи 70 соли ҳокимияти Шӯравӣ ҳамагӣ як маротиба як роҳбари аввали ҷумҳурӣ ба Бадахшон сафар кардааст ва ин ҳам 2 соат давом ёфтаву бас.

Эмомалӣ Раҳмон бошад дар солҳои истиқлолияти Тоҷикистон 37 маротиба ба вилоят сафар карда, дар бартараф намудани мушкилоти мардум бевосита иштирок намудааст.

facebook
twitter
Хабарҳо
Ҳамаи хабарҳо
 
Идома
 
Идома
Идома
Нома ба президент
Мувофиқи талаботи моддаи 21 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муроҷиатҳои шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ» муроҷиатҳое, ки дар онҳо насаб, ном, номи падари шахси воқеӣ, маълумот дар бораи суроғаи маҳалли истиқомат ё номи пурраи шахси ҳуқуқӣ ва суроғаи маҳалли ҷойгиршавии он зикр нашудаанд ё хато нишон дода шудаанд, инчунин бе имзо (имзои электронии рақамӣ) пешниҳод шудаанд, муроҷиатҳои беном дониста шуда, мавриди баррасӣ қарор намегиранд, агар онҳо дорои маълумот оид ба тайёрӣ барои содир кардани ҷиноят ё ҷинояти содиршуда набошанд.
Image CAPTCHA
© Хадамоти матбуоти Президенти Тоҷикистон
Тел/Факс.: (+992 37)2212520