Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Паёми табрикӣ ба муносибати иди саиди Фитр

09.09.2010 05:00, шаҳри Душанбе

Ҳамватанони азиз!

10 - уми сентябр дар идомаи ҷашни муқаддаси миллӣ – Истиқлолияти давлатии Тоҷикистон иди сайиди Фитр фаро мерасад, ки инро мардуми мусулмони кишвар ҳамчун рамзи нек ва раҳмати Худованд мепазирад.

Мавъизаҳои ходимони дин дар тўли моҳи мубораки Рамазон, иршоду роҳнамоиҳои уламои ислом ба мардуми намозгузор, сўҳбатҳои аҳли илму адаб ин ҳама дарси маърифати исломӣ, одобу ахлоқ ва худшиносиву худошиносӣ буданд.

Ин иди муборакро аз соли аввали ҳиҷрати Расули акрам аз Маккаи мукаррама ба Мадинаи мунаввара то ба имрўз мусулмонон бо шодиву фараҳ истиқбол ва ҷашн мегиранд.

Чордаҳ аср аст, ки тоҷикон аз ислом, бахусус мазҳаби ҳанафӣ пайравӣ мекунанд ва ин дини мубину ин мазҳаби таҳаммулпазир унсури таркибии тарзи зиндагии ҳар фарди ҷомеаи мо гардидааст.

Гузашта аз ин, тоҷикон низ дар навбати худ дар ин муддат барои фарҳангу тамаддуни исломӣ хидматҳои басо шоиставу арзанда намуда, дар рушду нумўъ, пешрафт ва густариши он саҳми муносибу сазовор гузоштаанд.

Дар даврони истиқлолият давлат барои баланд бардоштани сатҳи маърифати динии шаҳрвандон ва қонеъ гардонидани ниёзҳои эътиқодии диндорон, аз ҷумла мусулмонони кишвар ҳамаҷониба мусоидат менамояд.

Бо ин мақсад ҳоло чандин ниҳоди давлатӣ, ибтидо аз Кумитаи навтаъсис оид ба корҳои дини назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон то Маркази исломшиносӣ дар назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Донишкадаи исломии Тоҷикистон ба номи Имоми Аъзам – Абўҳанифа Нўъмон ибни Собит фаъолият мебаранд. Ин ниҳодҳо ба таҳқиқ, таҳия ва дастраси мардум гардонидани мероси пурғановати фарҳанги исломии ниёгон ва омўзищу парвариши ворисони сазовору арзандаи онҳо машғул мебошанд. Аз ҷониби Созмони исломӣ оид ба маориф, илм ва фарҳанг - ИСЕСКО соли 2010 пойтахти фарҳанги исломӣ эълон гардидани шаҳри Душанбе далел ва нишонаи эътирофи мақому манзалати воқеии мамлакати мо дар арсаи байналмилалӣ, бахусус дар миёни кишварҳои исломӣ ҳамчун яке аз гаҳвораҳои тамаддуни башарӣ ва саҳми бузурги он дар рушду нумўи фарҳанги исломӣ маънӣ мешавад.

Аз ҷумлаи он анъанаи неке, ки барои истиқболи иди сайиди Фитр аз Паёмбари гиромиқадр ба умматашон мерос мондааст, ба ниёзмандон хайру саховат кардан мебошад.

Дар яке аз ҳадисҳои мубораки Паёмбари гиромӣ омадааст, ки сахӣ ба Худо наздик аст, ба биҳишту ба мардум наздик аст; бахил аз Худо дур аст, аз биҳишт дур аст, ба дўзах наздик аст.

Калимаи арабии «садақа» аз решаи «сидқ» дар маъниҳои ростӣ, дурустӣ, пойдорӣ ва устуворию шоистагӣ ба кор рафта ва он молест, ки дар роҳи худо ба мустамандон ва ниёзмандон медиҳанд.

Пас амали инсон замоне садақа маҳсуб мешавад, ки агар он воқеан аз рўи ихлосу имон ва ақидаи устувор дар роҳи расидан ба ормонҳои динӣ ва шоистаи муҳаббату дўстии Худованд бошад.

Вақте Худованд барои шахс бузургтарин неъмат - неъмати имонро насиб кард ва аз молу дороии дунё низ ўро рўзӣ гардонид, пас тибқи фармудаи шариат бояд ба шукронаи ин ду неъмат бо дасту дили кушод хайру садақа анҷом диҳад.

Аввалин амали нек, ки дар рўзи иди Фитр бояд анҷом гирад, ин додани садақаи Фитр ба ятимону дармондагон, бечорагону мўҳтоҷон, ниёзмандону маъюбон ва хонаводаҳои камбизоат мебошад.

Ҳамаи мо ба хубӣ медонем, ки ҷавҳари дини мубини исломро таҳаммулпазирӣ, хайрандешӣ ва инсондўстӣ ташкил медиҳад. Ислом ҳама гуна аъмоли зишт, зўроварӣ, зулму ситам, қатлу ғоратро қатъиян маҳкум месозад ва ба чунин падидаҳои ғайримақбули замони мо, ба мисли терроризм ва экстремизм мутлақо иртибот надорад.

Таъкид сохтани ин ҳақиқат имрўз маънии хос касб менамояд. Зеро мо дар замоне умр ба сар мебарем, ки хатарҳои зиёде ба амнияти аҳли башар таҳдид мекунанд.

Ин ба мо- мардуми Тоҷикистон иртиботи мустақим дорад ва омили он минтақаи ҷойгиршавиии кишвари мост, ки ба арсаи бархўрди манфиатҳои геополитикӣ табдил ёфтааст. Ин аз ҳар кадоми мо- мардуми Тоҷикистони соҳибистиқлол, сарфи назар аз мансубияти миллию динӣ ва мавқеи иҷтимоӣ беш аз пеш ҳушёрии сиёсӣ ва масъулияти баланди шаҳрвандиро тақозо менамояд.

Аз айёми фоҷиабори ҷанги таҳмилии бародаркуш ҷомеаи моро бо тадриҷ фосилаи вақт ҷудо мекунад ва хушбахтона насли наврас бе шунидани даҳшати садои тиру туфанг ба воя мерасад.

ҳамзамон ҳаргиз набояд фаромўш кард, ки имрўз амнияту оромӣ, ризоияти шаҳрвандӣ ва сулҳу суботи миллӣ бар ивази чи хисороту талафоти ҷониву молӣ ба даст омадааст.

Мо бояд ҳамарўза аз он шукрона кунем, ки соҳиби Ватан ва давлати соҳибистиқлоле мебошем, ки дар ҷомеаи ҷаҳонӣ мақоми шоиста пайдо кардааст ва ба ҳамаи мушкилот нигоҳ накарда устуворона бо роҳи демократӣ пеш меравад. Мо бояд шукронаи сулҳу субот кунем ва ин андешаро дар тафаккури ҷавонон мустаҳкам созем.

Мо бояд дар зери парчами ваҳдати миллӣ муттаҳид гардида, ба рўйдодҳои замон аз мавқеи хирад баҳо диҳем ва ба ояндаи кишвару миллати хеш хушбинона назар кунем. ҳарчанд айёми гузариш ва равандҳои ташаккули давлатдорӣ моро ба бисёр мушкилот рў ба рў сохтанд, мо онҳоро бо сабру таҳаммул паси сар кардем ва барои рушди устувор ва бемайлони кишварамон замина гузоштем. Мо инро бояд дарку қадршиносӣ кунем, ҳамдилу ҳамфикр ва муттаҳиду муттафиқ бошем.

Ҳамаи динҳо, аз ҷумла дини мубини ислом низ мардуми ҷаҳонро ба ваҳдат, иттиҳоду бародарӣ, шафқату тараҳҳум ва муҳаббату дўстӣ даъват менамоянд.
Мо мардуми мусулмон, бояд ҳамеша аз чашмаи ноби фарҳангу тамаддуни исломӣ бархурдор бошем, бо роҳи ободонӣ пеш равем, ба даргоҳи Худованди мутаъол барои сулҳу салоҳ ва ваҳдати халқи ҷаҳон дуо кунем.

Маълум аст, ки бе тарбия ва тайёр намудани мутахассисони варзида пешрафти ҷомеаи муосир аз имкон берун аст. ҳукумати ҷумҳурӣ тамоми имкониятҳои мавҷударо барои омода намудани мутахассисони варзидаи ба рақобати бозори меҳнат тобовар амалӣ месозад.
Дар робита ба ин бояд таъкид намуд, ки имрўз тамоми имкониятҳои раванди омўзишу парвариши кадрҳо, аз ҷумла масҷиду мадрасаҳо, уламои дин, имомхатибон ба пуррагӣ истифода намешаванд.

Зарур аст, то дар ин кори хайр ва ниҳоят муҳим онҳо ширкат варзида, дар мавъизаҳои худ дар баробари ташвиқу тарғиби фарҳанги исломӣ, ахлоқи ҳамида, таҳаммулпазирӣ, сулҳу ваҳдат, худшиносии миллӣ, ватандорию ватанпарастӣ ба масъалаи омўзиши илму ҳунар таваҷҷўҳи ҷиддӣ зоҳир намоянд.
Ҳамватанони азиз!

Моҳи шарифи Рамазонро хайрбод гуфта, хурду бузург - ҳамаи шуморо бо фарорасии иди сайиди Фитр аз самими қалб муборакбод мегўям. Худованд тоату ибодат ва дуову дуруди мардуми моро дар ин моҳи муборак мақбули даргоҳи худ гардонад!

Ба ҳамаи шумо имону эътиқоди комил, ибодати мақбули даргоҳи илоҳӣ, бахту иқболи баланд ва саодати зиндагӣ, хушбахтиву некрўзӣ, барору комёбиҳо дар кору зиндагӣ, дили шоду хонаи обод, ваҳдату ягонагӣ, фазои софу беғубор ва оромиву осудагиро орзу дорам.

Иди сайиди Фитр муборак бошад!

facebook
twitter
 
Идома
 
Идома
Идома
Нома ба президент
Мувофиқи талаботи моддаи 21 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муроҷиатҳои шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ» муроҷиатҳое, ки дар онҳо насаб, ном, номи падари шахси воқеӣ, маълумот дар бораи суроғаи маҳалли истиқомат ё номи пурраи шахси ҳуқуқӣ ва суроғаи маҳалли ҷойгиршавии он зикр нашудаанд ё хато нишон дода шудаанд, инчунин бе имзо (имзои электронии рақамӣ) пешниҳод шудаанд, муроҷиатҳои беном дониста шуда, мавриди баррасӣ қарор намегиранд, агар онҳо дорои маълумот оид ба тайёрӣ барои содир кардани ҷиноят ё ҷинояти содиршуда набошанд.
Image CAPTCHA
© Хадамоти матбуоти Президенти Тоҷикистон
Тел/Факс.: (+992 37)2212520