Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон дар оғози сохтмони чанд иншооти ҷашнӣ иштирок намуд. Бо ин ҳадаф нахуст Президенти мамлакат ба мавзеи идомаи дубораи сохтмони литсейи нави Президентии шаҳри Чкалов, ки бунёдаш соли 1987 оғоз ёфта, аз соли 1991 бо сабаби камбуди молиявӣ қатъ гашта буд, ташриф овард.
Мактаббачагону омӯзгузорони шукргузор Сарвари давлатро бо дастовезҳои маънавии худ - шеъру суруд ва рақсу навои дилнишини наврӯзӣ самимона истиқбол гирифтанд.
Зимни ошноӣ бо лоиҳаи сохтмон зикр гардид, ки литсей барои 1300 нафар хонанда пешбинӣ шудааст ва аз 33 синфхона, аз ҷумла синфхонаҳои махсускунондашудаи фаннӣ, студияҳои таълимии телевизионӣ, рассомӣ, театрӣ ва хореографӣ ва толори калон барои гузаронидани чорабиниҳои тантанавӣ иборат хоҳад буд.
Барои бо сифати баланд гузарондани дарсҳои тарбияи ҷисмонӣ ва машқҳои варзишӣ дар мактаб ду ҳавзи болопӯшидаи шиноварӣ, маҷмааи варзишии иборат аз толорҳои вазнбардорӣ, варзиши сабук ва тирандозӣ сохта мешаванд.
Масъулини дахлдор гузориш доданд, ки дар назди бинои литсей ҳамчунин барои будубоши шабонарӯзии хонандагон хобгоҳ бо тамоми шароити зарурии истиқомат ва дарстайёркунӣ ва барои омӯзгорони эҳтиёҷманд манзили зист сохта мешавад.
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар назди мардуми ҷамъомада суханронӣ карда, оғози соли нави ориёиро ба онҳо муборакбод гуфт ва барояшон зиндагии ободу осуда ва бахту иқболи наку таманно намуд.
Ҳамчунин зикр гардид, ки баробари ба кор шурӯъ намудани литсей дар он беш аз 300 нафар омӯзгорону мутахассисони дигар соҳиби ҷойҳои корӣ ва маоши хуб хоҳанд шуд.
Таъкид шуд, ки барои анҷоми корҳои сохтмонӣ аз фонди захиравии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон (2 000 000) ду миллион сомонӣ ҷудо гардида сохтмони литсей бояд дар давоми ду сол ба анҷом расонида шавад.