Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Иштирок дар Конфронси байналмилалӣ оид ба муборизаи ҷаҳонӣ бо терроризм

25.06.2011 23:00, Эрон

Рўзҳои 24 ва 25 июн Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон барои иштирок дар Конфронси байналмилалӣ оид ба муборизаи ҷаҳонӣ бо терроризм дар Ҷумҳурии Исломии Эрон қарор дошт.

Дар ҳошияи Конфронси байналмилалӣ оид ба муборизаи ҷаҳонӣ бо терроризм дар шаҳри Теҳрон Сарвари давлати Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон нахуст бо Президенти Ҷумҳурии Исломии Эрон Маҳмуди Аҳмадинажод мулоқот намуд.

Дар вохўрӣ масоили ҳамкории гуногунҷанбаи Тоҷикистону Эрон, аз ҷумла дар соҳаҳои иқтисод ва савдо, энергетика, саноат, нақлиёту коммуникатсия ва илму фарҳанг баррасӣ шуд.

Таваҷҷўҳи зиёд ба рафти иҷрои паймонҳои қаблан ҳосилшуда, аз ҷумла доир ба анҷоми бунёди нерўгоҳи Сангтўда – 2 ва рў овардан ба сохтмони дигар нерўгоҳҳои об дар Тоҷикистон, бунёди корхонаҳои муштараки саноатӣ ва густариши робитаҳои иқтисодию тиҷоратӣ зоҳир карда шуд.

Рушди ҳамкории фарҳангӣ, аз ҷумла дар доираи робитаҳои сеҷонибаи Тоҷикистону Эрону Афғонистон низ аз мавзўъҳои асосии сўҳбат буд.
ҳарду ҷониб омодагии худро ба тавсиаи ҳамкории ҳарбию техникӣ низ таъкид намуданд.

Гуфтугўи судманд, ҳамчунин доир ба авзои кунунии минтақа ва ҷаҳон, мусоидат ба истиқрори амну субот дар Афғонистон ва ҳаёти осоиштаи мардуми он сурат гирифт.

Субҳи 25 июн дар шаҳри Теҳрон Конфронси байналмилалии муборизаи ҷаҳонӣ бо терроризм зери унвони ҷаҳон бидуни терроризм ба кори худ шуруъ намуд, ки дар он Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ва роҳбарони давлатҳои Афғонистон, Покистон, Ироқ, Судон ва намояндагони воломақом аз як қатор кишварҳои дигару созмонҳои минтақавию ҷаҳонӣ ширкат намуданд.

Эмомалӣ Раҳмон зимни суханронии худ мавқеи устувори Тоҷикистонро дар роҳи муборизаи пайваста бо терроризму ифротгароӣ ва носозгорӣ бо ин зуҳуроти манфур бори дигар таъкид намуда, аз ҷумла изҳор дошт: «Тоҷикистон, ки ҷанги таҳмилии шаҳрвандиро аз сар гузарондааст ва бо зуҳуроти зишти ин падидаи ғайриинсонӣ аз наздик ошно мебошад, ҷонибдори усулӣ ва пойдору устувори муборизаи қотеъ ва ҳамоҳангшудаи ҷомеаи ҷаҳонӣ бар зидди терроризм аст».

Ба иттилои Эмомалӣ Раҳмон, «… имрўз дар ҷаҳон тақрибан 500 созмони террористии пинҳонкор амал мекунанд ... ҷуғрофияи амалҳои бераҳмонаи террористӣ ба таври возеҳ торафт васеъ мешавад».

Президенти Тоҷикистон изҳори таассуф намуд, ки «ҷомеаи ҷаҳонӣ дар самти таҳия ва татбиқи амалии Барномаи фарогири созанда ва мусбат, ки ҳадафи он пеш аз ҳама, аз байн бурдани сабабҳои умдаи пайдоиши терроризми фаромиллӣ бошад, қадамҳои ҷиддӣ нагузоштаст».

Ба андешаи Эмомалӣ Раҳмон, яке аз чунин сабабҳо фарқи аз ҳад зиёди миёни сатҳи зиндагии мардуми кишварҳои сарватманд ва кишварҳои камбизоат аст. Аз ҷумла иброз гардид, ки «аз рўи сатҳи даромадҳо фарқи миёни 20 дар сади кишварҳои камбизоат ва 20 дар сади кишварҳои сарватманд дар асри 19 3 баробар буд, имрўз бошад, он 86 баробар шудааст».

Сарвари давлати Тоҷикистон бо зикри ин рақамҳо изҳор дошт: «агар кишварҳои пешрафта дар ҳамкорӣ бо давлатҳои рў ба инкишоф барномаи фароху созандаи муборизаро бо камбизоатӣ, гуруснагӣ, сатҳи пасти маърифат, бекорӣ ва бемориҳои гуногуни вазнин таҳия ва амалӣ сохта натавонанд, мо ҳамагон аз зуҳуроти зишти терроризму ифротгароӣ раҳоӣ ёфта наметавонем».

Эмомалӣ Раҳмон бори дигар «кўшишҳои бо ҳам пайваст намудан ё тавъам донистани терроризмро бо дину мазҳаби мушаххас, аз ҷумла бо дини ислом» қатъиян маҳкум намуда, изҳор дошт, ки чунин масъалагузорӣ «дарвоқеъ ба манфиати террористон хизмат мекунад».

Сарвари давлати Тоҷикистон бо нигаронӣ изҳор дошт, ки «… баъзе давлатҳо дар қаламрави худ бар зидди терроризм мубориза бурда, ҳамзамон терроризми фаромиллиро дар кишварҳо ва минтақаҳои дигар бавосита ё бевосита пуштибонӣ менамоянд».

Ба андешаи Эмомалӣ Раҳмон, «ба ҳеҷ ваҷҳ терроризм боиси омурзиш нест ва дар ҳамаи ҳолатҳо бояд қатъиян маҳкум карда шавад». Сарвари давлати Тоҷикистон, ҳамчунин изҳор дошт, ки «дар муоҳидаи пешниҳодии ягона ва мукаммали умумиҷаҳонӣ нисбат ба давлатҳое, ки аз ҳамкорӣ дар мубориза бо терроризм саркашӣ мекунанд ва террористонро пуштибонӣ менамоянд, бояд ҷазо пешбинӣ гардад».

Бо иштироку суханронӣ дар қисмати ифтитоҳии Конфронси байналмилалии ҷаҳон бидуни терроризм ва мубодилаи афкор бо иштирокдорони воломақомион сафари кории Сарвари давлати Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба Ҷумҳурии Исломии Эрон ба поён расид.

facebook
twitter
Хабарҳо
Ҳамаи хабарҳо
 
Идома
 
Идома
Идома
Нома ба президент
Мувофиқи талаботи моддаи 21 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муроҷиатҳои шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ» муроҷиатҳое, ки дар онҳо насаб, ном, номи падари шахси воқеӣ, маълумот дар бораи суроғаи маҳалли истиқомат ё номи пурраи шахси ҳуқуқӣ ва суроғаи маҳалли ҷойгиршавии он зикр нашудаанд ё хато нишон дода шудаанд, инчунин бе имзо (имзои электронии рақамӣ) пешниҳод шудаанд, муроҷиатҳои беном дониста шуда, мавриди баррасӣ қарор намегиранд, агар онҳо дорои маълумот оид ба тайёрӣ барои содир кардани ҷиноят ё ҷинояти содиршуда набошанд.
Image CAPTCHA
© Хадамоти матбуоти Президенти Тоҷикистон
Тел/Факс.: (+992 37)2212520