Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Ҳисоботи телефонии раисони вилоятҳои Суғду Хатлон ва раиси шаҳри Кўлоб

12.02.2011 00:00, шаҳри Душанбе

Субҳи имрўз ба Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон раисони вилоятҳои Суғду Хатлон – Қоҳир Расулзода ва Ғайбулло Авзал ва раиси шаҳри Кўлоб Ҳамид Абдуллоев телефонӣ ҳисобот доданд.

Таваҷҷўҳи асосӣ ба рафти киштукори баҳорӣ, барқарорсозии боғу токзори кўҳна ва бунёди боғҳои нав, истифодаи пурсамари заминҳои корам ва вусъати корҳои ободонӣ зоҳир гардид.

Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон ба онҳо доир ба тезондан ва баланд бардоштани самарабахшии корҳо дар самтҳои номбурда дастуру ҳидоятҳои мушаххас дод.

Таъкид гардид, ки барои тезондани киштукори баҳорӣ аз ҳар рўзи ҳавои мусоид пурсамар истифода бурда шавад.

Дастур дода шуд, ки барои васеъ ба роҳ мондани кишти такрорӣ аз ҳозир тадбирҳои судбахш андешида шаванд, то ки бо истифодаи пурсамар аз ҳар ваҷаб замини корами обӣ ду ва зиёда ҳосил рўёнда шавад.

Ба таъкиди Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон, бояд фарҳанги волои истифодаи босамари замин ба одати доимии деҳқонону заминдорон табдил ёбад.
Cупоришҳои мушаххас ҳамчунин доир ба таъмини доимии мардум бо маводи озуқаворӣ ва муҳайё намудани ҷойҳои нави корӣ дода шуд.

facebook
twitter
Хабарҳо
Ҳамаи хабарҳо
 
Идома
 
Идома
Идома
Нома ба президент
Мувофиқи талаботи моддаи 21 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муроҷиатҳои шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ» муроҷиатҳое, ки дар онҳо насаб, ном, номи падари шахси воқеӣ, маълумот дар бораи суроғаи маҳалли истиқомат ё номи пурраи шахси ҳуқуқӣ ва суроғаи маҳалли ҷойгиршавии он зикр нашудаанд ё хато нишон дода шудаанд, инчунин бе имзо (имзои электронии рақамӣ) пешниҳод шудаанд, муроҷиатҳои беном дониста шуда, мавриди баррасӣ қарор намегиранд, агар онҳо дорои маълумот оид ба тайёрӣ барои содир кардани ҷиноят ё ҷинояти содиршуда набошанд.
Image CAPTCHA
© Хадамоти матбуоти Президенти Тоҷикистон
Тел/Факс.: (+992 37)2212520