Шоми имрӯз Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Ашхобод бо Президенти Туркманистон Гурбонгулӣ Бердимуҳаммадов мулоқот намуд.
Дар мулоқот масоили ҳамкории Тоҷикистону Туркманистон дар соҳаҳои сиёсат, иқтисод ва савдо, илму техника ва фарҳанг баррасӣ шуд.
Аз пайвастагии вохӯриҳои сатҳи олӣ ва дигар сатҳу зинаҳои роҳбарияти ду кишвар ва ҳам аз густариши робитаҳо дар бахшҳои тиҷорат, энергетика, нақлиёту коммуникатсия ва ғайра изҳори қаноатмандӣ карда шуд.
Гуфтугӯи судманд, ҳамчунин доир ба робитаҳои ду кишвар дар чаҳорчӯби Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил, дигар созмонҳои минтақавию ҷаҳонӣ ва оид ба рушди ҳамкорӣ дар минтақаи Осиёи Марказӣ сурат гирифт.