Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Мулоқот бо директори генералии Созмони Умумиҷаҳонии Савдо Паскал Лами

10.12.2012 20:30, Швейтсария

Имрӯз дар шаҳри Женеваи Конфедератсияи Швейтсария Президенти Чумҳурии Точикистон Эмомалӣ Раҳмон бо Директори генералии Созмони умумиҷаҳонии савдо Паскал Лами мулоқоти хоса анҷом дод.

Дар оғози суҳбат Президенти Чумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба Паскал Лами, Котиботи Созмони Умумиҷаҳонии Савдо ва ҳамаи соохторҳою шахсоне, ки дар раванди воридшавии Тоҷикистон ба ин созмон иштироки фаъол доштанд арзи сипос карда, бо хушнудӣ изҳор дошт: “воридшавии кишвари мо ба Созмони Умумиҷаҳонии Савдо оғози марҳилаи нави созандагӣ ва идомаи ислоҳоти конструктивӣ дар тамоми бахшҳои иқтисоди миллӣ, бахусус дар такмил додани низоми тиҷорати озоду шаффоф мебошад”.

Ҷонибҳо аз ҳамкории судманди дуҷониба изҳори қаноатмандӣ намуда, густариши робитаҳои Тоҷикистонро бо Созмони умумиҷаҳонии савдо дар рушду инкишофи минбаъдаи иқтисоди кишвар муҳиму муассир арзёбӣ карданд.

Эмомалӣ Раҳмон изҳор дошт, ки “Тоҷикистон узвият ба ин Созмони бонуфузро ҳамчун имконоти фарох барои таъмини рушди минбаъдаи иқтисодиёт ва баланд бардоштани сатҳи некӯаҳволии мардум самаранок истифода мекунад”.

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон, ҳамчунин таъкид дошт: «мо умедворем, ки дар оянда низ Тоҷикистон аз машварату маслиҳатҳои пайвастаи Котиботи Созмон истифода намуда, аз дастгирии пайвастаи он дар ин самти басо муҳим баҳравар мегардад.

Директори генералии Созмони умумиҷаҳонии савдо Паскал Лами Cарвари давлати Тоҷикистонро бо ин рӯйдоди фараҳбахш табрику таҳният гуфта, воридшавӣ ба ин созмонро барои Тоҷикистон оғози марҳилаи нави рушди босуботи иҷтимоию иқтисодӣ номид ва изҳор дошт, ки мо омодаем дар дигар соҳаҳо низ ба Тоҷикистон кумак ва мусоидат намоем. Паскал Лами иштироки Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмонро дар маросими воридшавии Тоҷикистон ба Созмони умумиҷаҳонии савдо нишонаи тавваҷҷуҳи хосаи ӯ ба ин раванд ва ба таъмини рушди бонизоми иқтисодиёти кишвар маънидод кард.

Дар охир Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон аз Директори генералии Созмони умумиҷаҳонии савдо Паскал Лами даъват намуд, ки ба Тоҷикистон бо сафари расмӣ ташриф биёрад. Даъват бо хушнудӣ пазируфта шуд.

facebook
twitter
 
Идома
 
Идома
Идома
Нома ба президент
Мувофиқи талаботи моддаи 21 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муроҷиатҳои шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ» муроҷиатҳое, ки дар онҳо насаб, ном, номи падари шахси воқеӣ, маълумот дар бораи суроғаи маҳалли истиқомат ё номи пурраи шахси ҳуқуқӣ ва суроғаи маҳалли ҷойгиршавии он зикр нашудаанд ё хато нишон дода шудаанд, инчунин бе имзо (имзои электронии рақамӣ) пешниҳод шудаанд, муроҷиатҳои беном дониста шуда, мавриди баррасӣ қарор намегиранд, агар онҳо дорои маълумот оид ба тайёрӣ барои содир кардани ҷиноят ё ҷинояти содиршуда набошанд.
Image CAPTCHA
© Хадамоти матбуоти Президенти Тоҷикистон
Тел/Факс.: (+992 37)2212520